Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Боришоти зиёди барф дар Маскав сабаби лағви зиёда аз 100 парвоз дар фурудгоҳҳо шудааст

$
0
0

Бориши барфи пай дар пайи зиёд, ки аз шаби чаҳоршанбе дар Маскав борида истодааст, сабаби лағви беш аз 100 парвози хатсайрҳои ҳавопаймоӣ ва таъхири чандин парвози дигари хориҷӣ ва дохилӣ ва эҷоди халал дар кори фурӯдгоҳҳову саргардонии мусофирон шудааст.

Бино ба маълумотҳо дар фурӯдгоҳҳои “Шереметево”, “Домодедово” ва “Внуково” то рафт лағви парвозҳо афзуда хатсайрҳои мутаваққифшуда беш аз пеш зиёд шуда истодааст.

Фурӯдгоҳи “Домодедово” 88 хатсайрро лағв намуда 10 парвозро ба таъхир гузоштааст.

Маркази обуҳавосанҷии Русия ба расонаҳои русӣ гуфтааст,  эҳтимоли идомаи  бориши барфи зиёд  то рузи панҷшанбе низ ба қайд гирифта шудааст. Эҳтимол дорад шумори лағви парвози хатсайрҳои ҳавопаймоӣ боз ҳам зиёд шавад.

Аз мусофироне, ки ба мушкилии ба таъхир афтодан ё лағви парвозашон гирифтор шудаанд, хоҳиш мешавад вазъи ба амаломада дар фурудгоҳро дар тамос бо мо шарҳ диҳанд, то мо ба хонандагони ПАЁМ.net расонем.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>