Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ҳукми суд нисбати Ёров ва Маҳкамов пурра ғайриқонунӣ аст

$
0
0

Аз нишондодҳои машваратчиёни халқӣ, ки дар рафти мурофиаи судии Бузургмеҳр Ёров моҳҳои май-октябр бо парвандаи нав тибқи моддаҳои 330 ва 355 КҶ ҶТ ширкат карданд, дида мешавад, ки машваратчиёни халқӣ умуман ҳуқуқҳои худро надониста, дар натиҷа умуман адолати судӣ ба вуҷуд наомадааст.

Чунончӣ дар саҳ.31-33 Каримзода Диловар, санаи таваллуд 27.09.1978, истиқоматкунандаи кӯчаи Мушфиқӣ, 160\9 хонаи 43, соҳиби 6 фарзанд нишон медиҳад: “Ман пристави судии суди шаҳри Душанбе буда, дар рафти мурофиаи судӣ бо ҳамроҳи Ғаюрова Н. ҳамчун машваратчиёни халқӣ баромад карда, рафти мурофиаи судиро назорат мекунем.” Машваратчии халқии дигар Ғаюрова Наргис Хакимовна санаи таваллудаш 17.09.1973 зодаи шаҳри Кӯлоб, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мушфиқӣ 61, ҳуҷраи 56, корманди фонди манзили шаҳри Душанбе низ нишон медихад, ки “…рафти мурофиаи судиро назорат мекунем.”

Назорат кардани рафти мурофиаи судӣ ваколати машваратчиёни халқӣ нест. Мутобиқи моддаи 21 қ.5 КМҶ ҶТ машваратчиёни халқӣ ҳамчун қисми таркибии суд бояд холисӣ ва беғаразии худро риоя намуда, дар таҳқиқи пурраи ҳолатҳои парванда барои амалӣ намудани ҳуқуқи тарафҳо шароити зарурӣ фароҳам оваранд.

Судя Бобохонзода Асомиддин, машваратчиёни халқӣ Ғаюрова Наргис ва Каримзода Диловар бо қарорҳои муфаттиши прокуратураи генералии ҶТ, дар саҳифаҳои 28, 34 ва 52 ҷабрдида эътироф шудаанд. Ин се нафар  “28.09.2016 сол аз кирдорҳои Ёров Б., ки бо такя ба шеъри Сино “Ҳар к-ӯ на хар аст, кофараш мехонанд” ва бо такя ба ояти 179 сураи Аъроф айбдоркунандаи давлатӣ Р. Тақдирзодаро ташбеҳ ба «Хар» ва «Ҳайвон» додааст, зарари маънавӣ дидаанд.”

Ин 3 нафар ҷабрдида будаанд. Пас чӣ хел ин 3 ҷабрдида худраддия надода боз ҳукми ғайриқонунии судӣ нисбати Ёров Б. баровардаанд, муаммо мемонад.

Мутобиқи қ.3 моддаи 34 КМҶ ҶТ: «Машваратчиёни халқӣ ҳангоми ба амал баровардани адолати суди аз тамоми хукукхои суди истифода мебаранд». Аммо ин машваратчиёни халқӣ ҳуқуқҳои худро надониста, дар суд мисли прокурор иштирок кардаанд. Чун мутобики қисми 2 моддаи 36 КМҶ ҶТ прокурор назоратро амалӣ менамояд, на машваратчии халқӣ. Дар қисми 1-и моддаи 35-и КМҶ ҶТ ҳуқуқҳои суд нишон дода шудааст, ки ин ҳуқуқҳоро пурра машваратчиёни халқӣ доранд. Аз рӯи ин меъёр дида мешавад, ки машваратчиёни халқӣ ҳуқуқи назорат карданро надоранд. Онхо бояд адолати судиро ба вуқуд оранд.

Мутобиқи қ.1-и моддаи 61 КМҶ ҶТ, агар судяву машваратчиёни халқӣ ҷабрдида бошанд, пас бо сабаби он ки беғаразии онҳоро таҳти шубҳа мегузорад, асоси раддия ва худраддияи суд мебошад. Маълум шуд, мутобиқи қ.1–и моддаи 63 КМҶ ЧТ судя ва машваратчиёни халқӣ вазифадор будаанд, ки аз иштирок дар парванда даст кашанд. Ин ҳолат боз ғайриқонунӣ ва беасос баровардани ҳукми судиро дар доираи фишори сиёсӣ ба суд нисбати боздоштшудаҳои сиёсӣ Ёров Бузургмеҳр ва Маҳкамов Нуриддин нишон медихад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>