Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Сирри пинҳонии олигархи тоҷик фош шуд?

$
0
0

Додгоҳи олии шоҳигарии Британияи Кабир як соҳибкори сарватманди машҳури тоҷик Аваз Назаровро ба 1 солу 9 моҳи зиндон маҳкум кардааст. Номи ин олигархи тоҷик чандест, ки дар сархати расонаҳо қарор дорад.

nazarov

Аваз Назаров

Аваз Назаров як замон Корхонаи алюминии тоҷик (Талко)-ро дар Бритониё ба додгоҳ кашид ва барои ҳукумати Тоҷикистон мушкилиҳои зиёде пеш оварда буд.

Айни ҳол бошад, ба сабаби иҷро накардани амри Додгоҳи олии Лондон барои бознагардондани 35 миллион доллари як соҳибкори рус ба зиндон маҳкум шудааст.

Ин ҳукм ба моҷарои Корхонаи алюминии тоҷик бо ширкати «Ансол Лимитед»-и Аваз Назаров ҳеҷ робита надорад, аммо Аваз Назаров 10 миллион доллари ин маблағро барои пардохти ҳаққи вакилони мудофеъ дар баҳси додгоҳиаш бо Корхонаи алюминии Тоҷикистон аз ширкати VIS Trading, мутааллиқ ба Валерий Воробёв, як соҳибкори рус гирифта ва дигар барнагардондааст. Додгоҳи олии шоҳигарии Британияи Кабир се сол пеш ба Аваз Назаров амр дода буд, ки барои риоят накардани қарордодҳояш бо ширкати VIS Trading Co Limited ба ин ширкат 35 миллион доллар бипардозад, вале Аваз Назаров ин амрро иҷро накардааст. Аваз Назаров аз ширкати мазкур тақрибан 24 миллион доллар пул гирифта, ваъда додааст, ки онро бармегардонад, аммо натавонистааст. Сиву панҷ миллион доллар бо шумули ҷаримаву хароҷот таъйин шудааст.

Аммо айни замон ин соҳибкори тоҷик дар Узбакистон қарор дорад ва маълум нест, ки чӣ гуна ҳукми зиндонро адо мекунад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>