Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Вазифаи нави таксиронҳо: насиҳати сатрпӯшон

$
0
0

Таксиронҳои Душанбе вазифадор шудаанд муштариёни сатрпӯши худро насиҳат кунанд, то аз сатрпӯшӣ даст кашанд.

Тибқи иттилои як таксирон бештари ронандагони таксиҳо дар Душанбе, бахусус онҳое, ки бо КДАМ ҳамкорӣ мекунанд, аз тарафи ин ниҳод муваззаф шудаанд дар мубориза алайҳи сатри занон ширкат кунанд. Ба гурӯҳе аз онҳо роҳҳои насиҳаткунӣ омӯзиш дода шудааст.

Ӯ мегӯяд кормандони БДА ҳам ба ин кор муваззаф шудаанд ва мошинҳоеро, ки занони сатрпӯш саворанд нигоҳ медоранд. Ин таксирон худаш шоҳиди як чунин ҳодиса будааст, ки кормандони БДА хостанд сатри занеро аз сараш бадар оранд ва шавҳараш ба онҳо муқобилият карда, дар натиҷа зери латукӯби шадид қарор гирифтааст. Баъди латукӯби кормандони БДА гурӯҳи зудамал омада он мардро бо худ бурдаанд.

Аз хонандагоне, ки бо чунин муносибат рӯбарӯ шудаанд, хоҳиш мешавад тавассути ватсап, вайбер, ИМО ё телеграм бо рақами +4915219398417 дар тамос шаванд. Сиррияти маълумот кафолат дода мешавад. Онҳое, ки аз иртиботи мустақим метарсанд, метавоананд маълумотро тавассути наздиконашон дар Русия ё кишварҳои дигар расонанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>