Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Қариб 1 миллиард доллар қарзи расмии хориҷӣ дар се соли оянда

$
0
0

Қарор аст дар се соли оянда Тоҷикистон қариб 1 миллиард доллар қарзи хориҷӣ дарёфт кунад. Барномаи дарёфти қарз барои солҳои 2017-2019-ро парлумони кишвар имрӯз, 16 ноябр тасвиб кард.

Тоҷикистон дар соли 2017 206,4 млн, дарс соли 2018 203,48 млн ва дар соли 2019 265,71 млн доллар қарз хоҳад гирифт, ки ба гуфтаи Абдусалом Қурбониён, вазири молияи кишвар барои бахшҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, энержӣ, коммуникатсия, хоҷагии манзил, ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва бахши идоракунии давлатӣ масраф хоҳанд шуд.

Соли ҷорӣ Тоҷикистон аз бонкҳои фавқуззикр 241,2 миллион доллар қарз дарёфт кардааст. Тибқи иттилои як манба бархе аз қарзҳои бебозгашти дарёфткардаи Тоҷикистон, бахусус аз давлатҳои арабии Халиҷи Форс эълон карда намешаванд. Тибқи иттилои ин манбаъ наздик ба 200 миллион доллар қарзҳои эълоннашудаи ин кишварҳо барои дастгирии буҷаи соли ҷорӣ масраф шудааст. Имкон дорад солҳои оянда ҳам ингуна қарзҳои эълоннашаванда барои дастгирии буҷа гирифта шаванд.

Қарзи хориҷии Тоҷикистон айни замон 2 миллиарду 276 миллион доллар арзёбӣ мешавад, ки соли 2017 бояд Тоҷикистон ба пардохти онҳо оғоз кунад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>