Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Барак Обама баландмаоштарин президент

$
0
0

Нашрияи фаронсавии Les Echos дар ҳамдастӣ бо сервиси махсуси Statista рейтинги сарони кишварҳои ҷаҳонро аз нигоҳи маоши баландтарин ба чоп расонид.

Гуфта мешавад, дар феҳрист маоши сарони кишварҳои бонуфузи ҷаҳон дар соли 2016 зикр гардида, даромадҳо аз дигар сарчашмаҳо ба инобат гирифта нашудааст.

Дар рейтинг маоши натанҳо президентҳо, балки пешвоёни сиёсӣ низ оварда шудааст, ки расман сарвари давлат набуда, вале дар қабули қарорҳои муҳим саҳми назаррас доранд. Ба ин васила дар рейтинг нахуствазирони Италия, Британияи Кабир, Канада ва Ҷопон зикр ёфтаанд.

Аз ҳама бузургмаоштарин президент дар ҷаҳон Борак Обама, президенти ИМА будааст. Тибқи маълумот Борак Обама 400 ҳазор $ маоши солона доштааст.

Аммо чанд руз пеш президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп дар як суханронияш гуфт, аз маоши президентӣ даст мекашад.

Аз ҷумла дар ин раддабандӣ маошҳои солонаи  Маттео Ренси, Италия. Маош 125 ҳазор $, Владимир Путин, Русия. Маош 136 ҳазор $, Франсуа Олланд, Франсия. Маош 194 ҳазор $,  Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Туркия. Маош 197 ҳазор $, Синдзо Абэ, Ҷопон. Маош 203 ҳазор $, Тереза Мэй, Британияи Кабир. Маош 216 ҳазор $,  Ҷейкоб Зума, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ. Маош 223  ҳазор $,  Ангела Меркел, Олмон. Маош 234 ҳазор $, Ҷастин Трюдо, Канада. Маош 260 ҳазор $ зикр шудааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>