Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ҷияни Ислом Каримов дар “психушка” нигаҳдорӣ мешавад

$
0
0

Ҷамшед Каримов ҷияни Ислом Каримов, президенти собиқи Ӯзбакистон аст, ки журналисти мустаъқил буда, бо васоити ахбори оммавии хориҷӣ ҳамкорӣ дошт. Вай яке аз мунаққидони шадиди режими худкомаи Каримов буд. Бо навиштани мақолаҳои танқидӣ маъруф гашта буд. Charter97.org навиштааст, ки акнун ин хабарнигор аз Шифохонаи рӯҳӣ пайдо шудааст.

Ба навиштаи ин манбаъ Ҷамшед соли 2012 аз назари ом нопадид гашта буд ва инак маълум мегардад, ки таи ин солҳо дар “психушка” ба сар мебурдааст. Гуфта мешавад, ки Ҷамшед Каримовро пас аз панҷ соли “табобат” соли 2012 аз Бемористони рӯҳии Самарқанд ба хонааш, шаҳри Ҷиззах ҷавоб дода буданд, аммо вай дубора боздошт мегардад ва ба кунҷи ин бемористон афканда мешавад.

Оҷонсии “Фарғона” аз қавли духтари ӯ Евгенияи 19 сола навиштааст, ки ҳангоми вохӯриҳо бо падараш як нафар аз кормандони бемористон ва ё намояндаи мақомоти интизомӣ ширкат меварзанд ва сӯҳбатҳои онҳоро таҳти контрул қарор медиҳанд, то ӯ ва дигар пайвандон хабари марги Ислом Каримовро ба Ҷамшед нарасонанд. Вай таъкид намудааст, ки падарашро дар оғози тирамоҳи соли 2011 аз Бемористони рӯҳии Самарқанд ба хона ҷавоб дода буданд, аммо пас аз ду моҳ ноябри ҳамон сол дубора боздошт ва ба ин бемористон интиқол додаанд.

То кунун ин ҷияни Ислом Каримов бехабар аз марги ӯ дар беморхонаи рӯҳӣ умри худро мегузаронад. Ба гуфтаи Евгения ба падари ӯ чаҳор нафар мард ҳуҷум овардаанд ва дандонҳои ӯро шикаста, бо сару рӯи кафида ба мошине бор кардаву ба бемористон бурдаанд. Ҳоло Ҷамшед Каримов дар паси панҷараи оҳании ин бемористон нигаҳдорӣ мешавад ва таҳти назорати шадид аст.

Ин журналисти мустаъқили дигарандеш аз таъсири доруворе, ки ба ӯ ҷабран додаанд, боре қариб ба марг расидааст. Евгения таъкид кардааст, ки ҳангоми вохӯриҳо телефони мобилии ӯро аз дасташ мегиранд, то ӯ аҳволи имрӯзи падари худро тавассути он ба навор нагирад ва расонаӣ насозад. Гуфта мешавад, ки ба Ҷамшед Каримов махсус хабари марги Ислом Каримовро намерасонанд, то ӯ дубора талаби озодӣ аз ин муассисаро нанамояд. Ба гуфтаи духтараш, Ҷамшед ҳама вақт такрор мекунад, ки то Каримов намурад, вайро аз ин макон ҷавоб нахоҳанд дод.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>