Як моҳи охир ба сомонаи мо чандин ҳамватанони муҳоҷирамон аз гум шудани тоҷикон дар Русия менависанд. Қаблан ин гуна ҳодисаҳо камтар буданд, аммо як моҳи охир ғайбзаниҳо бештар шудаанд.
Ҳамватанони азиз! Мо аз якояки Шумо, азизон хоҳиш менамоем дар ин қазия бетараф набошед. Ба мо баъзе маълумотҳое расидаанд, ки баёнгари аз тарафи кӣ ва барои чӣ дуздида шудани муҳоҷирони кории тоҷик ҳастанд. Вале ҳанӯз далеле дар даст надорем ва наметавонем қазияро расонаӣ кунем. Бинобар ин аз ҳамаи шумо, хонандагони азиз хоҳиш менамоем бо мо дар таҳқиқи ин қазия кӯмак кунед. Ҳар маълумоте аз тоҷикони гумшуда — хоҳ ба наздикӣ ва хоҳ пештар дар даст доред, лутфан ба мо ирсол намоед. Синну сол, ҷои кор, макон ва замони ғайбзанӣ хеле заруранд ва лутфан зикр кунед. Ҳамчунин қаду баст, нишондиҳандаҳои варзишӣ, собиқаи хидмат дар артиш, макони зист, ҳамроҳон ва ғайра метавонанд дар таҳқиқи масъала кӯмак кунанд.
Ҷузъ таҳқиқ, мо тасмим гирифтаем ин қазияро ба гӯши ҳукуматҳои Русияву Тоҷикистон ва созмонҳои байналмиллаливу ҷаҳониён бирасонем, то ба ин амали ҷинояткорона хотима дода шавад. Пас аз таҳқиқи мо қазияи якояки гумшудагонро дар сомонаамон расонаӣ хоҳем кард.
Ҳамчунин аз тамоми ҳамватанони азиз, бахусус ҷавонон, ки дар Русия истиқомат доранд хоҳиш менамоем мувозиби ҳамдигар бошанд, то ҳади имкон танҳо нагарданд, агар нафаре ғайб зад дарҳол садо баланд кунанд, ба ҷамъиятҳои тоҷикон ва расонаҳои хабарии русиву тоҷикӣ муроҷиъат кунанд ва дар ҷустуҷӯяш шаванд. Ҳатто нисбати онҳое ҳам, ки аз тарафи мақомоти интизомиву амниятӣ боздошт мешаванд, саҳлангорӣ накунанд ва то муайян шудани сабабу макони боздошт ва гирифтани вакили дифоъ аз паяшон бошанд. Танҳо бо ваҳдат ва пуштибонӣ аз ҳамдигар мо метавонем ба ин амали ҷинояткорона хотима диҳем.
Аз тамоми ҷамъиятҳои тоҷикӣ дар Русия, фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносон, шахсоне, ки байни мардум нуфуз доранд хоҳиш мешавад, лутфан дар ин қазия саҳлангорӣ накунанд ва бо ҳам оянду дар паи ҳали ин мушкил бошанд.
Худо нигаҳбонатон!