Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Оҷил! Ҷамшед Ёровро ҳам дуздиданд

$
0
0

Ҷамшед Ёров, вакили дифоъ ва бародари Бузургмеҳр Ёров ҳам сар аз бегоҳи дирӯз нопадид буд. Ҳамин ҳоло як манбаъи мо аз боздошти ӯ хабар дод.

Бо иттилои ин манбаъ, Ҷамшед аз тарафи кормандони КДАМ рабуда шуда, ҳоло дар идораи ин кумита  қарор дорад.

Сабаби рабуда шудани Ёров ҳам то ҳол маълум нест.

Зуҳри дирӯз ҳамсар ва писари Муҳаммадалӣ Ҳаит ҳам рабуда шуда буданд, ки то ҳол аз эшон дараке нест вале ҳамин манбаи мо мегӯяд, ки онҳо ҳам дар идораи КДАМ нигоҳдорӣ мешаванд.

Ҳамчунин ба мо иттило расид, ки назорат аз болои хонаводаҳои маҳбусони сиёсӣ шиддат гирифтааст.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки сабаби ин боздоштҳо дур бурдани диққати мардум ва фазои иттилоотӣ аз қазияи таҷовузи духтари туркман аз тарафи дипломати тоҷик аст.

Як манбаи дигар аз сабаби боздошти Ёров ва ҳамсару писари М. Ҳаит иттило дод ва мо дар паи тафтиши дурустии ин хабар ҳастем. Дар сурати тасдиқи худро ёфтанаш ҳатман ба хонандагони азиз иттило хоҳем дод.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>