Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Барои пур кардани  буҷа аз тоҷирони «Корвон» андози маҷбурӣ меситонанд

$
0
0

Кумитаи андоз аз тоҷирони бозори «Корвон» калонтарин бозори пойтахти  Душанбе аз 10 то 60 ҳазор сомонӣ андоз талаб кардааст. Ин андозситонӣ маҷбурӣ буда, дар сурати дар муҳлати муаяйншуда пардохт накардани он тоҷирон аз ҷойи фурӯш маҳрум мешаванд.
Комил як тоҷири бозори «Корвон» гуфт, аз сабаби он, ки даромади савдои ман тавони пардохти 15 ҳазор сомониро надорад, нуқтаи фурӯшамро бастам.  «Омаданд маҷбур доранд, ба хотири давлат, ки буҷа камомад шудааст, 15 ҳазор сомонӣ супоред! Агар шумо аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дастгирӣ мекунед, супоред, бовар мекунем. Ман иқтисодшинос ҳастам вале кор наёфта, инҷо савдо мекунам. Гуфтам, охир маоши вакилони порлумони тайёрхурро аз 5 300 сомонӣ то 2 300 сомонӣ поин кунед! 35 телехҳои Маҳмадсаид Убайдуллоевро кам кунед. 100 муҳофизи тайёрхури Президентро кам кунед. Гуфти худатон ҳама ҷо ороми-ку аз кӣ меҳаросанду бо ин қадар телех мегарданд.  Дуздии вазиру кабирро пешгирӣ кунед, буҷетро пур кунед! Гуфтанд хап кун, ки махкамат мекунем! Рости дардам карду гуфтам молҳои маро гиреду фурушеду маблағашро ба буҷет партоед ман рафтам»- гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Вақте ин тоҷир саҳнаро нақл мекард, ҳарчанд марди бо ҷуссае аст вале дар чашмонаш ашк пайдо шуд ва аз шарм аз назди мо дур шуд. У 4 фарзанд дорад ва як модари пир ки дар буҷаи оилавии ӯ шарик мебошад.
Гуландом, яке аз дигар савдогари бозори «Корвон»-ро намояндаи роҳбарияти бозор бо бахши андози ноҳияи  Фирдавсӣ  8 ҳазор сомонӣ муқаррар кардаанд ки супорад. Гуландом мегўяд, ки то ҳол як дирам науспоридааст ва дар андешаи он аст, ки ин миқдор андози маҷбуриро аз куҷо ёбад.
«Савдогарони ҳамсояамон дуконашонро бастанду рафтанд. Ба зур нонпулиамонро меёбем охир. Овозаҳо атрофи ин пулталабкунӣ гуногун аст. Яке мегӯяд барои буҷа, дигаре мегӯяд  барои баргузории ҷашни Истиқлолият аст. Имрӯз хабаре расид, ки ҳамин минтақаи моро духтари Президент мегирифтааст, барои ҳамин шарт гузоштаанд, ки мо равему инҷоро худӣ кунанд. Ҳайронам духтари Президентро чиву ба ҳамин корҳои майда чуйда чӣ? Вай сад сол ҳам кор накунад аз баракати падараш ва ин миллат меёбаду мехӯрад. Вале мо ва садҳои дигар соате кор накунем намеёбем! Раванд ҷипҳое, ки ба вазиронро аз маблағи буҷет мехаранд фурўшанду буҷетро пур кунанд!” – мегўяд хонум Гуландом. Ин хонум аз таҷрибаи савдогарони шиноси арабу туркаш дар Дубай ва Туркия қиссса кард, ки онҳо дар зарфи ду се сол тоҷири калон мешаванд, аммо мо баръакс муфлис мешавем.
«Чанд соласт, ки бо тоҷирони турку араб ҳамкорӣ дорам. Онҳо мепурсанд, ки Гул ҳачми тиҷоратат чӣ қадар аст ё ягон кишвари хориҷ истироҳат равем. Шарм мекунам ки гўям се сол шуд қарзи бонк меканам ва тавони ҳатто дар кишвари худам истироҳат рафтан надорам. Ба онҳо Ҳукуматашон сабукиҳо ва имтиёз медиҳад, ба мо чӣ?» — бо таассуф гуфт ӯ.
Чанд рўз қабл  Палатаи  ҳисоб  иттилоъ  дода  буд, ки  аз сабаби дар Кумитаи андоз ва мақомоти  маҳаллии он самаранок истифода нашудани имкониятҳои мавҷуда, дар шаш моҳи охир нақшаи воридоти андоз ба буҷа иҷро нашудааст.  


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>