Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки дар ду соли наздик Тоҷикистон бо мушкилоти зиёди иҷтимоию иҷтисодӣ ва ҳатто сиёсӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. Дар Қазон натиҷаи тадқиқоте, ки аз тарафи коршиносони “Донишгоҳи тадқиқоти Осиёи Миёна” баррасӣ гардид. Дар гузориши таҳлилӣ ба риск ва таҳдидҳои эҳтимолии иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ ва байналмиллатӣ равшанӣ андохта шудааст.
“Тоҷикистон кишвари бо рушди камтарин дар қаламрави собиқӣ Шӯравӣ боқӣ мемонад. Маҷмӯъаи маҳсулоти дохилии (ММД) ҷумҳурӣ дар соли 2019 каме бештар аз $7,9 млрд.ро ташкил дод, ки ба ҳар сари аҳолӣ ҳудуди $840 рост меояд. Гуфтанист, суръати рушди ММД Тоҷикистон аз соли 1997 ба ҳади кофӣ босубот буд ва дар панҷ соли охир дар сатҳи баланд қарор дошт; соли 2019 кишвар бо нишондиҳандаи 7,5% дар сегонаи аввал байни кишварҳои ИДМ ҳамроҳ бо Арманистон (7,6%) ва Туркманистон (6,3%) ҷой гирифт. (Ҳарчанд имкони зиёди дасткорӣ дар нишондаҳо аз тарафи мақомдорони расмӣ вуҷуд дорад. Паём) Дар ҳамин ҳол бояд вобастагии зиёди иқтисоди Тоҷикистон аз интиқолҳои пулии муҳоҷирони меҳнатиро қайд кард. Соли 2013 таносуби маблағҳои интиқолӣ бо ММД дар сатҳи 49% қарор дошт. Соли 2018 ҷумҳурӣ байни кишварҳои вобаста аз пули муҳоҷирон бо 31% ҷои саввум баъди Тонго (35,2%) Қиргизистони ҳамсояро (33,6%) ишғол кард” — гуфта мешавад дар гузориш.
“Вируси коруно на танҳо ба ҳаҷми маблағҳои интиқолии муҳоҷирон таъсир кард, балки дар умум ба иқтисоди Тоҷикистон зарбаи эҳсосшаванда зад. Бояд гуфт, пешбиниҳои мақомоти расмии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмиллалии молиявӣ дар бораи чашмандозҳои рушди иқтисодии кишвар дар солҳои 2020-2021 фарқи зиёд доранд. Бонки ҷаҳонӣ дар гузоришаш таҳти унвони “Чашмандозҳои иқтисоди ҷаҳонӣ” то 2% камтар шудани ММД-и Тоҷикистон дар соли 2020 ва рушди 3,7 дарсадӣ дар соли 2021-ро пешбинӣ кардааст. Пешбиниҳои Бонки аврупоии рушд ва Хазинаи байналмиллалии асъор хушбинонатаранд. Инҳо рушди 1 дарсадӣ дар соли 2020-ро пешбинӣ мекунанд. Аммо бо пешбинии ин институтҳо мақомоти Тоҷикистон розӣ нестанд ва онро хеле бадбинона меноманд. Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон ба поён рафатни рушди иқтисод розӣ аст, аммо пешбинӣ мекунад, ки ММД кишвар дар соли 2020 рушди 5 дарсадӣ хоҳад дошт” — мегӯяд яке аз муаллифони гузориш, кормнади Донишгоҳи муносиботи байналмиллалии Маскав Баҳри Баҳриев.
Ҳар қадар ҳам, ки ин пешбиниҳо аз ҳам фарқ накунанд, мусаллам аст, ки ду соли оянда Тоҷикистон бо мушкилоти зиёди иҷтимоию иқтисодӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. Пандемии вируми коруно шоки бузурге барои буҷаи кишвар хоҳад буд, ки солҳои охир дар ҳоли афзоиш буд. Мушкилоти буҷа ва суқути пешбинишуда:
аввалан метавонад ба афзоиши босуръати қарзи хориҷии кишвар ва ҳамзамон тазъифи тавонои пардохти он расонад;
сониян бадшавии вазъи бизнеси хурду миёна суръати бештар касб кунад, ки дар соли 2019 беш аз 260 ширкатҳои хусусӣ баста шуданд;
саввум, ҳукумат дар иҷрои вазифаҳои иҷтимоии бадӯшгирифтааш бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ шавад, ки дар арафаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ метавонад вазъро дар дохили кишвар муташанниҷ созад;
чаҳорум, вазъи баамаломадаи иҷтимоӣ-сиёсӣ метавонад таъсири дарозмуддати манфӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стротежии миллии рушди иқтисодии Тоҷикистон расонад.
Дар гузориш гуфта мешавад “Тоҷикистон барои ҳали мушкилоти ҷории иҷтимоӣ-иқтисодӣ фаъолона аз равишҳои мудирияти барномавии ҳадафмандона кор мегирад. Барномаи стротежии рушди миллии Тоҷикистон Стротежии Милли Рушд-2030 мебошад. Вале муаллифони ин стротежӣ ҳадафҳое гузоштаанд, ки расидан ба он хеле мушкил аст: ҳамаи рисҳо ба назар гирифта нашуданд, на ҳамаи механизмҳои иҷрои барнома ба назар гирифта шуданд ва муҳимтар аз ҳама сабаби баназаргирии ин буҷаи бузург асоснок нашуда, рискҳои ҷалби чунин маблағи бузург (118 млрд доллар) пешбинӣ нашудаанд.
Дар натиҷа татбиқи ҳадафҳои чӣ иқтисодӣ ва чӣ иҷтимоӣ СМР-2030 бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ шудаанд. 2-3 соли оянда дар гумон аст, ки дар расидан ба ҳадафҳои СМР-2030 пешрафти ҷиддие ба даст ояд, ҳарчанд дар нишондиҳандаҳои ҷудогона (рушди саноат, бахши энергетикӣ, бахши нақлиёт) Тоҷикистон метавонад ба нишондиҳандаҳои дар стротежи муайяншуда наздик шавад. Ин имкон ҳам вуҷуд дорад, ки нафарони расмӣ нишондиҳандаҳоро бо дасткорӣ ба нуқтаҳои дар ҳадаф муайяншуда наздик кунанд”.
Дар ҳамин ҳол таҳлилгарони Паём мегӯянд то имрӯз ҳукумати Тоҷикистон ба ҳеҷ як барномаи стротежиаш даст наёфтааст ва ин ки ба ҳадафи СМР-2030 наздик ҳам намешавад, мусаллам аст. “Ҷалби 118 миллиард доллар бо вазъи ҳуқуқиву сиёсие, ки дар Тоҷикистон мавҷуд аст, як орзуи фантастикӣ мебошад. Бо дарназардошти буҳрони охири бархоста аз вируси коруно, агар вазъи ҳуқуқию сиёсӣ дар Тоҷикистон тағйир наёбад, ҷалби ҳатто 18 млрд бисёр мушкил аст” — мегӯянд таҳлилгарон.