Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Нашри китоби Марямбонуи Фарғонӣ дар Эрон

$
0
0

Китобе дигар аз маҷмуаи адабиёти муосири Тоҷикистон аз хати кирилӣ ба форсӣ нависагардонӣ ва дар 376 саҳифа ба форсӣ чоп шуд.

Дар ин бора доктор Ҳажири Теҳронӣ- пажӯҳишгари эронӣ дар саҳифаи Фейсбуки худ навишта гуфт: ин китоб, ки “Ман чунин девонаам” ном дорад, гулчине аз достонҳо ва ҳикоятҳои Марямбону Фарғонӣ- рӯзноманигор, нависанда ва шоири муосири тоҷик аз чанд китоби пешини ӯ аст.

Марямбону Фарғонӣ- чандин ҷоизаи адабӣ дар Тоҷикистон ва Русия дарёфт карда, ки аз байни онҳо метавон ба ҷоизаи Борис Пастернак дар Русия (1995) ва ҷоизаи Садриддини Айнӣ дар Тоҷикистон (2012) ишора кард.

Китоби “Шаҳболи Хаёл”-и ӯ низ ҷоизаи китоби соли Тоҷикистонро дар соли 2013 дарёфт кардааст.

Ӯ  аз соли 1992  узв Иттиҳодияи журналистон ва аз 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Хонум Фарғонӣ чанд соле низ дар Садои Хуросони Эрон фаъолият кардааст.

Китоби “Ман чунин девонаам”-ро доктор Маҷиди Асадӣ, пажӯҳишгари эронӣ, ки чанд соле дар Тоҷикистон фаъолият доштааст аз хати кирилӣ ба форсӣ баргардонда ва виросторӣ кардааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>