Нашрияи Habertürk, чопи Туркия иттилоъ додааст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар аз шаҳри Истамбул ду нафар зодаи ҷамоҳири Осиёи Марказиро боздошт намудаанд, ки мехостанд ба Сурия бираванд ва ба сафи ДИИШ бипайванданд.
Гуфта мешавад, ки яке аз ин боздоштшудагон шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, ки бо ҳамроҳии шаҳрванди 23 солаи Ӯзбакистон қасди убури марз доштаанд. Нашрияи мазкур дар такя ба манобеи мӯътамади худ навиштааст, ки ин ду нафари боздоштгардида мехостаанд ба сафи созмони ифротгарои ДИИШ бипайванданд ва дар ҷиҳоди алайҳи артиши Асад худро ба сифати “бомбаи зинда” битарконанд.
Аммо ҳанӯз маълум нест, ки ин шаҳрванди боздоштгардидаи тоҷикро мақомоти интизомии Туркия ба Тоҷикистон истирдод мекунанд, ё хайр. Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки Туркия аз боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба қасди Сурия ба ин кишвар омадаанд, иттилоъ медиҳад. Мақомоти интизомии Туркия дар ин авохир аз убури чандин нафар шаҳрвандони мамолики Осиёи Марказӣ ҷилавгирӣ намудааст.
Ёдовар мегардем, ки моҳи майи соли ҷорӣ низ як гурӯҳи 10 нафара мавриди боздошт қарор гирифта буд, ки мехостанд тавассути Туркия ба Сурия бираванд ва узви фаъоли созмони тундгарои “ДИ” бигарданд. Ин гурӯҳи даҳнафара аз шаҳрвандони Тоҷикистон, Озарбойҷон, Эрон ва Қирғизистон иборат буданд. Мақомоти тоҷик бо мегӯянд шаҳрвандони Тоҷикистон аз Руссия ба Туркия мераванд ва аз он ҷо талош мекунанд, ки ба ДИИШ бипайванданд.
Назар ба маълумоти омории мақомоти интизомии Тоҷикистон айни ҳол зиёдтар аз 1000 нафар тоҷикистонӣ дар сафи ДИИШ меҷанганд ва то ба имрӯз хабари марги 300 тан аз размандагони тоҷикро пайвандонашон дарёфт кардаанд.