Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

“РИА Новости” мегӯяд, ки Гулнора Каримова зинда аст

$
0
0

Ожонсии иттилоотии “РИА Новости”— и Руссия дар такя ба як узви хонадони Ислом Каримов, собиқ президенти Ӯзбакситон хабар додааст, ки Гулнора Каримоваи 44- сола, духтари калони Каримов намурдааст, балки зиндааст.

Гулнора Каримова зиндааст ва хабарҳо дар робита ба марги ӯ дурӯғ мебошанд

— гуфтааст як узви хонадони Ислом Каримов, ки номаш бурда нашудааст. Қаблан сомонаи Центр-1 аз қавли манбааш дар Хадамоти амнияти миллии Ӯзбакситон иттилоъ дода буданд, ки Гулнора Каримова дар пайи як заҳролудшавӣ 5 -уми ноябри соли ҷорӣ ҷон бохтааст ва ҷасади ӯро махфӣ дар қабристони “Минор”- и Тошканд ба хок супоридаанд. Пас дафн қабри духтари президентро бо замин баробар сохтаанд, то касе аз он хабар наёбад. Ин корманди ХДМ таассуф ба сомона гуфтааст, ки аз сарнавишти фарзандони Гулнора нигарон аст.

Тақдири талхи Гулнора як анъанаест қадима, ки фарзандони шоҳони золим ва мардумгурез баъди марги падарашон аз тарафи дарбориёни қудратталаб кушта мешуданд. Ин анъана ҳарчанд дар кишварҳои демократӣ роиҷ нест, дар кишварҳои диктотурӣ ва расиҷумҳурони якумрӣ то ҳол бо муваффақият идома дорад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>