Як намояндаи парлумони Қазоқистон пешниҳод намуд, ки Остона, пойтахти тазабунёди ин кишвар ба номи президент Нурсултон Назарбоев гузошта шавад.
Ин намояндаи мардумӣ Қувониш Султонов ном дорад, ки даъват ба амал овард, то пойтахти Қазоқистон ва иншооти муҳими ин кишвар номи Нурсултон Назарбоевро гирад. Дар ин бораи сомонаи Tengrinews.kz. иттилоъ додааст. Қувониш Султонов ин фикри худро дар ҷаласаи якҷояи палата ба муносибати пазируфта шудани Эъломияи “25 солагии истиқлоли Қазоқистон” иброз доштааст.
Ба гуфтаи Султонов роҳи расидан ба истиқлолро бояд абадан дар таърих бо ҳарфҳои заррин навишт ва нақши беназири Назарбоев ба ҳайси лидери миллат, ки дар сохтани давлатдории қазоқ муҳим аст, дар Конститутсия дарҷ ёбад. Назарбоевро дар Қазоқистон ба ҷуз президент “Элбаси” ном мебаранд ва коршиносони умури сиёсӣ дар он назаранд, ки дар ин кишвари Осиёи Марказӣ парастиши шахсияти раҳбари якум рӯз аз рӯз меафзояд.
Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки намояндагони машҳури Қазоқистон даъват ба амал меоранд, то Остона ба номи Нурсултон Абишевич Назарбоев гузошта шавад. Ҳанӯз соли 2013 академики Академияи улуми миллии Қазоқистон Султон Сартаев пешниҳод карда буд, ки Остона ба Нурсултон мубаддал карда шавад. Аз ин пештар, яъне соли 2009 сафири Озарбойҷон дар Қазоқистон Латиф Гандилов даъват намуда буд, ки шаҳри Остона ба шарафи президенти ин кишвар Султон Ота номгузорӣ шавад. Баъд аз се соли хомӯшӣ дар ин бора намояндаи мардумии парлумон Қувониш Султонов масъалаи мазкурро дигарбора таҳрик дода, хостори табдили номи Остона ба номи раисҷумҳур гаштааст.
Дар кишварҳои пасошӯравӣ, хусусан дар ҷамоҳири Осиёи Марказӣ дар замони ҳукмронии президентҳои худкомаи онҳо чунин даъвату пешниҳодҳо зуд зуд ба амал меоянд ва аксари онҳо ҷомаи амал низ мепӯшанд. Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбакистон ва Тоҷикистон аз зумраи он ҷамоҳир ҳастанд, ки шахсияти перзидентҳои худкома ба таври ифрот парастида мешаванд ва бо даъвати гурӯҳи тамаллуқкор яке худро Элбаси, дигаре Юртбоши, саввумӣ Пешвои миллат ва Ҷаноби олӣ ва чаҳорум Туркманбошӣ эълом дошта, мехоҳанд номи худро дар таърихи миллати худ чун раҳбарони созанда ба абад бигзоранд.
Ин дар ҳолест, ки дар Қирғизистони каме демократӣ як гурӯҳ намояндагони мардумӣ ва сиёсатмадорони дигарандеши ин кишвар ба импичмет ё маъзул кардани президент Алмосбек Атамбоев омодагӣ мегиранд. Ба фарқ аз депутати қазоқ як намояндаи мардумии Қирғизистон Омурбек Текебоев, аз гурӯҳи депутатҳои мухолифини “Ата Мекен” даъват ба амал овардааст, ки ба раванди импичменти президент Алмазбек Атамбоев оғоз намоянд. Вай 22 юми ноябри соли 2016 ба таври расмӣ барои ҷамъоварии имзоҳо дар ин робита оғоз намудааст.
Дар дастгоҳи президентии Қирғизистон ин амали мухолифони сиёсати Атамбоевро дар робита ба импичменти ӯ “шоуи сохтакорона” номидаанд. Мухолифини қирғиз раҳбари кишвари худро барои берун рафтан аз роҳи пешгирифтаи давлат роҳи демократии тараққиёт муҷрим медонанд. Тибқи Конститутсияи Қирғизистон агар дар муддати се моҳи оянда айби президент собит нагардад, даъвоҳо сарфи назар хоҳанд шуд. Барои импичмент ё маъзул сохтани президент аз курсии раёсатҷумҳурӣ қисмати бештари намояндагони мардумӣ дар парлумон бояд райъ бидиҳанд.