Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Cабти сухани охирини Бузургмеҳр Ёров дар анҷоми мурофиааш дастраси Паём.нет шуд

$
0
0

Билохира сабти сухани охирини Бузургмеҳр Ёров дар анҷоми мурофиааш дастраси Паём.нет шуд.  Назари мо ин аст, ки ин як ҳуҷҷати таърихӣ аст, ки бояд миллат аз он огоҳ бошад. гузашта аз ин дар ҷараёни суханронӣ ва баҳсҳои Бузургмеҳр бо додрасу додситон чандин ҳақиқат боз шудааст. Бинобар ин қарор додем матн ва садои онро нашр кунем.

Чун баромади Бузургмеҳр ва баҳсҳои ӯ бо додситону додрас тӯлонӣ аст (ҳарчанд оғоз ва анҷоми он мутаассифона дастраси мо нашудааст), тасмим гирифтем онро дар чандқисм нашр намоем. Инак қисмати аввали сухани охирини Бузургмеҳр Ёров:

Масъалаи Ниёзова Аслия вақте соли 2007 пайдо шуд, баъди навиштани аризаи ман, баъди ташкил кардани коллегия чандин маротиба аз тарафи мақомоти прокуратура санҷиданд, дида баромаданд ва қарор бароварданд, ки Ёров гунаҳкор нест, Ёров  дар доираи қонун амал кардааст, талаботи қонунро вайрон накардааст. Соли 2010 охирин қарор мебарояд. Ниёзова А. ягон хел ариза нанавиштааст нисбати ман, Наҷотов наменависад нисбати ман, медонад, ки давидани гӯсола то каҳдон. Давиданд, давиданд каҳдонда расиданд. Ҳичи дигар он тарафаш. Барои он ки баман пул додагӣ нестанд.

Акнун тасаввур кунед, ки соли 2010 ба дасти вайҳо экспертиза меафтад, имзо имзои писари вайҳо не, онҳо хомӯш мешинанд? Ҳар рӯз ҷои кори ман меомаданд, ҳар рӯз вазорати адлия меомаданд, ҳар рӯз даргоҳи прокурори генералӣ мерафтанд , ки мана мо хулоса дорем, имзои бачаи мо набудаст, Ёров сохтакорӣ кардааст, Ёровро ба ҷавобгарӣ кашед. Ҳеҷ кас ин корро намекунад. Барои он, ки соли 2010, мӯҳтарам суд, дар ин маводҳои парванда хулосаи дигари ташхис буд. Хулосаи дигари ташхис мегуфт, ки имзо имзои Раҷабов Абдуқодир аст. Вақте ки мо аз суд хоҳиш мекунем, ки шумо чӣ хел гузарондед ташхиси Раҷабов Абдуқодирро, имзоҳои соли 2001-ум дар мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ҳаст, ҳусни хат дар прокуратураи ҳарбӣ ҳаст, ҳусни хатро гирифта биёред, имзоҳоро гирифта биёред дар ҳузури мо имзоҳояшонро бигиред, дар ҳузури мо экспертҳои шумо ташхисро гузаронанд.

Суд ин ташхисро намегузаронад, инро рад мекунад. Барои мӯҳтарам суди мо таъин кардани ин ташхис ҳеҷ душворӣ надошт, мо 5 моҳ сарф кардем, дар тӯли ин 5 моҳ метавонист, ки суд дархости моро дида барояд, қонеъ кунад ва ҳамин масъалаҳои корӣ рафта омадан гирад. Барои адолат мана як сол шуд, мана ҳамин рӯз як сол пеш ман дар кабинети вай истинтоқ шуда будам, истинтоқ ба маънои задан не, кӯфтан не, маро пурсупос карда истода буданд. Барои чӣ худашон намедонистанд. Фармон шудааст, ки Ёровро маҳкам кардан даркор, гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим мегӯем, нест гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим. Кумитаи ҷамъиятӣ ташкил кардааст, дуруст ташкил кардааст, прокурор хомӯш аст, қонун поймол шуда истодааст. Ёров пагони корманди милисаро кандааст. Ман мегӯям, ки бардоред шумо камераҳоятонро се-чор то камера доред, ки ягон корманди милиса ин ҷо надаромадааст. Шабона баъд мегӯянд, ки Ёровро маҳкам мекунем, бе пурсиш, бе  ягон чиз делои ҷиноятӣ мекушоем. Баъд одамонро пайдо мекунанд худашон ҷӯраҳошонаву дар телевизион дар пеши ман дурӯға пул мемонанд, ки гуё ки ман пули мардумро гирифтааму ким чи кор кардааму дигару дигар.

Ин дар кучо тӯғрӣ меояд? Давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ. Ман худамро фиреб кунам, ки  не ин хел набуд, шумо шоҳиди ҳамин чиз ҳастед. Ман вақте ки мерафтам, аллакай медонистам, ки маро дастгир мекунанд, барои ҳамин ман мошину пулу компютерамро ҳамаро додам. Ман рафта истода будам ба мубориза, ки дар муқобили ман Прокурори генералӣ истодааст ва ман бояд, ки тайёрии ҷиддӣ бинам. Раҳмат ба ҷомеъа, раҳмати маро ба Стив Свердлов, бону Бобоназарова, сафири Амрико, совети Аврупо, ки моро дастгирӣ карданд дар доираи қонуну қоида бирасонед.

Нишондодҳои Ниёзова Аслияро вақте ки мо таҳлил карда баромадем, Ниёзова Аслия дар дасташ дар ҳамин суд пешниҳод кард як ҳуҷҷат — легализатсияи хона, ҳуҷҷати сурх. Суд мумкин диққат накарда бошад, дар мурофиаи суди ноҳияи Фирдавсӣ. Ниёзова Аслия хонаро ба дигар кас фурӯхта бошад, хуҷҷати легализатсия дар дасти одами қаллоб чӣ кор мекунад? Ин яъне нишон медиҳад, ки вай як шахси қаллоб аст, як шахси дурӯғгӯ аст. Ман дар пеши тафтишот масъала мемонам, барои чӣ шумо хонаро намебинед, тафтишот мегӯяд, мебахшед, вай хона легализатсия шудааст. Ман мегӯям, ки шумо то чи дараҷа бесавод ҳастед, қонунро шумо намедонед.

Ман ариза навиштам, ба мӯҳтарам суд ҳам пешниҳод кардам, нишон додам моҳи марти соли 2007 сол. Моҳи марти соли 2007 вобаста ба ин хона тафтишот рафта истодааст, прокуратураи  шаҳри Душанбе, прокуратураи ноҳия 6 марти соли 2007-ум ман супоридаам. ___ бердиева мегуфта будаанд, тафтиш рафта истодааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қонунигардонии молу мулк» мегӯяд, ки агар баҳси судӣ рафта истода бошад, ё дар  тафтишоту таҳқиқот вобаста ба ягон ҳуҷҷатҳо, вобаста ба ягон амвол баҳс рафта истода бошад, пас ин хона легализатсия намешавад.  Чи хел ин хона соли 2008 легализатсия мешудааст? Якуним сол шудааст прокурор сохтакориро кофта бароварда истодааст, хуҷҷатҳоро дар ҳукумати шаҳр кофта бароварда истодаанд, гурӯҳи сохтакорҳо пояшон сӯхта истодааст, ки адвокат кори инҳоро расво кард, ҳамаро гирифт пешниҳод кард, бароварду дигару дигар. Ин хона аллакай легализатсия шуда будааст, охир прокурор қонунро намедонад. Вай бояд гӯяд, ки мебахшед, ин легализатсия ғайриқонунӣ аст, нодуруст аст, эътироз биёрем, ба суд муроҷиат мекунем, манфиатҳои давлатро ҳимоя кардан даркор, бекор мекунем. Шумо кор кардан нахоҳед,  рост мегӯяд роҳбари давлат моҳи январи соли 2015, ки ин мақомотро минбаъд мо барҳам мезанем, дер давом карда наметавонад…

Давом дорад

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>