Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Духтари президент ба курсии муовини Раёсати созмонҳои байналмилалии ВКХ нишаст

$
0
0

Рухшона Раҳмонова, духтари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон таъин шудааст.

Рухшона Раҳмонова пеш аз ин дар сафорати Тоҷикистон дар Бритониё кор мекард ва баъд аз адои вазифа дар Биртониё, барои идомаи фаъолияти худ ба Душанбе меояд.

Номи Рухшона аллакай дар феҳристи сохтори вазорати корҳои хориҷии Тоҷикстон дарҷ шудааст.

Дар бораи собиқаи кории Рухшона Раҳмонова маълумот дар васоити ахбори омма хеле кам ба назар мерасад. Ҳатто акси у дар шабакаҳо ва расонаҳои ВАО вуҷуд надорад. Аз собиқаи кориаш ба ҷуз ин, ки дар сафорати Тоҷикистон дар Лондон кор кардааст, дигар маълумоти дқиқе ҳам вуҷуд надорад. Духтари президент то ба ҳадди муовини яке аз раёсатҳои ВКХ мерасад, аммо ҳеҷ маълуоте дар бораи у дастраси омма нест.

Рухшона Раҳмонова ин сеюмин фарзанди президент Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба курсии мансаби баландпояи давлатӣ мешинад.

Аз ин пеш Озодаи Раҳмон солҳои 2005-2007 дар сафорати Тоҷикистон дар Амрико, солҳои 2007-2009 сардори раёсати консулии вазорати корҳои хориҷа, солҳои 2009-2014 муовини вазири хориҷа, аз соли 2014 то соли 2016 муовини аввали вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва аз январи соли 2016 раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда то ба ҳол дар ин мансаб ифои вазифа мекунад.

Рустами Эмомалӣ, писари  калонии Эмомалӣ Раҳмон, соли 2006 ба ҳайси сармутахассиси шӯъбаи ҳамкорӣ бо созмони умумии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2009-2011 дар вазифаи сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2011-2012 ҳамчун сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумруки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Солҳои 2012-2013 ҳамчун муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва аз ноябри cоли 2013 то марти соли 2015 дар вазифаи Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз моҳи марти соли 2015 то ба ҳол дар вазифаи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа дорад.

Ба вазифаи баландтари ВКХ омадани Рухшона аз он дарак медиҳад, ки пойдевори авлодӣ шудани мақомҳои калидии ҳукумати Тоҷикистон руз ба руз мустаҳкам мешавад

avlodi-tappak


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>