Ҳайсияти маҳбусии аз зиндони Хуҷанд фирор карда эълон шудааст. Бино ба иттилоъи хабаргузории
“Озодагон” маҳбусе, ки дирӯз 24-уми ноябр аз зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд фирор кардааст, Носири Амонуллохон, сокини 26-солаи шаҳри Исфара будааст.
Ба иттилои манбаъи “Озодагон” Носири Амонуллохон, сокини ҷамоати Навгилем бо қарори додгоҳи шаҳри Исфара бар асоси моддаи 248-и Кодекси ҷиноӣ, барои ғоратгарӣ ба 11 соли зиндон маҳкум шуда буд: “Айни ҳол ҷузъиёти фирораш омӯхта мешавад. Ҳамзамон амалиёт барои боздошти маҳбуси фирорӣ идома дорад”.