Ҷои заи имсоли сулҳи Гондӣ дар як маросими бошукуҳ дар Ҳинд ба раҳбари Ҳаракати Наҳзати Тунис , шайх Рошид Ғанушӣ супурда шуд. Ин ҷоиза ба хотири ба натиҷа расидани инқилоби мусолиматомези мардуми Тунис ба Рошид Ғанушӣ дода шуд. Ҷоизаи сулҳи Гондӣ пеш аз ин ба Нелсон Монделло низ дода шуда буд.
Аммо Раҳбари наҳзати Тунис дар суханронии худ таъкид кардааст, ки ин ҷоизаи ӯ нест, балки ин ҷоиза ба тамоми миллати Тунис тааллуқ дорад. Агар ирода ва таҳаммулпазирии миллат набуд, мо муваффақ намешудем, таъкид кардааст раҳбари Тунис.
Ӯ таъкид намуд, ки: “мо ба шиддат мухолифи ҷудоӣ миёни мардум ҳастем. Барои мо кишвар аз мақом ва мансаб болотар аст. Ба ҳамин хотир Наҳзат ҳатто ҳозир шуд аз қудрат канор биравад, аммо озодиву арзишҳои демократӣ дар Тунис осеб набинанд”.
Ғанушӣ дар ҷаҳони ислом бо андешаҳои миёна ва дидгоҳҳои сиёсии ҷадидаш мавриди таваҷҷуҳи хосс аст. Ба хусус пас аз “баҳори арабӣ” ӯ тавонист бо мавқеъгириҳои дурандешона субот ва оромии Тунисро ҳифз кунад.
Ӯ яке аз шахсиятҳое аст, ки боварӣ дорад ислом бо озодӣ ва демократия мухолифате надорад, балкӣ арзишҳои исломӣ метавонанд заминаи озодиву демократияро дар ҷомеа фароҳам намоянд.