Дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ, кӯчаи Навбаҳор масҷидеро, ки дорои тамоми ҳуҷҷатҳоро буда пурра бо пули мардум сохта шудааст, ба шӯъбаи Хонаи маданият табдил додаанд.
Баҳона барои бастани масҷид ин будааст, ки гӯё иҷозаи Кумитаи дини ноҳияро надоштааст. Дар ҳоле, ки иҷозаи раиси ноҳия, кумитаи замин, меъморӣ ва дигар ниҳодҳои марбутаро доштааст. Бо бастани масҷид иктифо накарда, кулли намозгузорони ин масҷидро 340 сомонӣ ҷарима бастаанд.
Чанд рӯз кулли намозгузорони ин масҷид ба шӯъбаҳои КДАМ ва ВКХ кашонида шуда, билохира розӣ шудаанд, ки ҷарима пардохт кунанд. Алъон дари ин масҷид баста буда, намозгузорон наметавонанд дар он намоз гузоранд.
Бино ба иттилои як манба тибқи як фармони раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз соли 2014, бояд дар ин ноҳия 145 масҷид баста мешудааст, ки алъон қариб ҳамаи онҳо баста шудаанд ва масҷиде, ки дар акс мебинеду чанд рӯз пеш баста шуд, яке аз он масоҷиди дар рӯйхат ҷойдошта будааст.