Иззат Амон, раҳбари Созмони ҷавонони муҳоҷири тоҷик дар Русяи дар саҳифаи фейсбукиаш лағв шудани шаҳрвандӣ ва ихроҷи як ҷавони тоҷик аз Русия баъди ради ҳамкорӣ бо хадамоти махсуси ин кишвар хабар додааст.
Ӯ навиштааст “дирӯз шаҳрванди Тоҷикистон Ҳодиев Иззатулло соли таваллуд 1997 ба утоқи кории мо омада шикоят кард, ки хадамоти махсуси Русия ӯро маҷбур месозанд то бо онҳо ҳамкорӣ намояд. Вазифаи ин ҷавон аз он иборат будааст, ки дар масҷидҳои Маскав гаштугузор карда, хабар чамъ намояд. Ва низ ин ҷавонро маҷбур кардаанд, ки бар зидди шаҳрвандони дигари Тоҷикистон ҳамчун шоҳид нишондод диҳаду онҳоро ба ифротгароӣ ва ё узвият дар ҳизби сиёсии «Ҳизбуттаҳрир» муттаҳам намояд.”
Тибқи иттилои Иззат Амон ин ҷавони тоҷик аз ҷосусӣ ва тӯҳмат дар ҳақи ҳамватанонаш худдорӣ кардааст. ”Ин сабаб гаштааст, ки мақомоти махсус шаҳрвандии русии ӯ, модар ва бародарашро ғайриқонунӣ эълон намуда, лағв сохтаанд. Бар замми ин се рӯз қабл суди ноҳияи Маскав бо қарори худ Иззатуллоро аз хоки Руссия берун намудааст.”
Сабаби аслии ба ин мушкил гирифтор шудани ҷавони тоҷикро раҳбари Созмони ҷавонони муҳоҷир дар тақводороии ин ҷавон мебинад. Иззатулло Ҳодиев ҳар рӯз дар масҷид будааст. “Новобаста ба синни хеле ҷавон, Иззатулло нафари ботақво менамуду каме риш ҳам дошт. Ба нақли худи Иззатуло ҳамсараш, ки аз русҳои мусалмоншуда мебошад доим ҳиҷоб мепӯшидааст” — менависад Иззат Амон.
Ӯ натиҷагирӣ кардааст, ки сабаби чунин иқдомҳои мақомоти рус як ҷанги эълоннашуда алайҳи тоҷикон аст: “Тӯли чанд моҳи ахир чунин ба назар мерасад, ки ВАО-и Русия ва мақомоти ин кишвар як ҷанги бидуни эълонро бар зидди шаҳрвандони Тоҷикистон шурӯъ кардаанд. Ҳудудан ду моҳ қабл чанд нафарро бо моддаи тарканда дар Санкт Петербург дастгир карда, ягона ҷавони 17 соларо ки худро шаҳрванди Тоҷикистон мегуфт дар ТВ нишон доданд. Илова ба ин, 28 нафарро дар вилояти Перм дастгир карда ҳамаи онҳоро террорист эълон намуда, баъдан бидуни кадом ҷазо депорт карданд.
Гумон меравад маъракаи сиёҳ намудани Тоҷикистон ва шаҳрвандони он дар миёни ҷомеъа ҳадафҳоеро ба думбол доранд.”
Иззат Амон аз ҷавонони диндор даъват кардааст боэҳтиёт бошанд: “Хоҳиши ман аз бародарони боимон ва масҷидӣ ин аст, ки аз доим ва мунтазам ба масҷид рафтану дар сӯҳбати ҳар гуна даъватгарон нишастан худдорӣ намоянд. Албатта намози бо ҷамоъат ва дар масҷид муҳим аст, вале гумон мекунам саломатӣ ва ҳифзи ҷон муҳимтар аст. Мову шумо ба ин кишвар бо ҳадафи кор ва ёфтани як луқмаи нон омадаем. Умедворам намози дар манзил гузошташуда низ назди Худованд қабул аст. Нашавад, ки барои як кори андаке худамонро вориди мушкил намоем. Ҳамеша дар фикри хонаводаи худ бошему қадамҳоямонро дониста бизанем. Як иштибоҳи андак метавонад мову шуморо барои солҳои тулонӣ равонаи зиндон намояд.”
Паём.нет ҳам чанде пеш аз ғайбзании ҷавонони тоҷик дар Русия ҳушдор дода, даъват намуда буд, ҷавонон боэҳтиёт ва муттаҳид бошанд.