Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар як сӯҳбат ба телеканали “Россия 24” гуфтааст, агар созмони ифротгарои “ДИИШ” дар Сурияву Ироқ комилан ба шикаст мувоҷеҳ гардад, аз эҳтимол дур нест, ки размандагони узви он дар марзҳои Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон зуҳр кунанд.
Ба гуфтаи Нурсултон Назарбоев, ҷангиёни узви ин созмон пас аз хатми ҷанг дар ин минтақа Афғонистонро ба худ платсдарм хоҳанд намуд. Аммо ба таъкиди раисҷумҳури Қазоқистон, якдигарнофаҳмӣ ва низоъҳои давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ дар роҳи гирифтани пеши роҳи созмони “ДИИШ” ба он овардааст, ки ин созмони тундгаро ҳанӯз пойбарҷост ва мардуми зиёдеро аз нуқоти ҷаҳон ба оғӯши худ мекашад.
Нурсултон Назарбоев бо итминони қавӣ гуфтааст, ки дар сурати пайдо гардидани размандагони “ДИИШ” дар Афғонистон ва марзи Тоҷикистону Ӯзбакистону Туркманистон ва афзудани хатари эҳтимолии таҳдиди онҳо ба ин қаламрави Осиёи Марказӣ, Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ҷавоби сазовор хоҳад дод: “Айни ҳол, шукри Худо, дар ин ҷумҳуриҳо чунин ҳолат ҷой надорад ва аз ҷониби “ДИИШ” таҳдиде ба чашм нарасидааст. Аммо ба ҳар ҳол эҳтимоли ин хавф вуҷуд дорад. Дар сурате, ки “ДИИШ” ба хоки ҷамоҳири Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад, он гоҳ низоми муштараки ҳимояи мо ба ин созмон посух хоҳад дод”.