Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Изи ангушт 5 сомонӣ. Бизнеси ВКД ё кӯмак ба иҷрои нақшаи буҷа?

$
0
0

Маъракаи гирифтани изи ангушти сокинони кишвар, ки тоза оғоз шудааст, ба маъракаи пулҷамъкунӣ ҳам табдил шудааст. Кормандони ВКД аз ҳар нафар барои гирифтани изи ангуштонаш 5 сомонӣ талаб мекунанд.

Чуноне, ки хонандагони мо иттило медиҳанд, ба ивази маблағи ситонидашуда ҳеҷ расиде дода намешавад ва маълум нест ин пулҳо ба хазинаи давлат мераванд ё кисаи милисаҳо.

Ин маърака тибқи даъвои Вазорати корҳои дохила барои татбиқи қонун дар бораи “Ба қайдгирии давлатии даклитоскопӣ”, ки соли гузашта қабул шуда буд, ба роҳ андохта шудааст.

Азбаски мувофиқи қонун гирифтани изи ангуштон бояд бепул сурат гирад, мешавад тахмин зад, ки кормандони Вазорати корҳои дохилӣ хостаанд аз ин маъракаи бузург даромади иловагӣ ба даст оранд. Тахмини дигар ҳам вуҷуд дорад, ки давлат ин корро ғайрирасмӣ ба хотири кӯмаки дигар ба буҷаи бамушкилгирифторшудаи кишвар роҳандозӣ кардааст.

Аз тамоми хонандагон дар ҳамаи манотиқи кишвар хоҳиш менамоем, агар як чунин пулситонӣ дар манотиқи онҳо ба роҳ монда шудааст, лутфан ба мо иттило диҳанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles