Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Дар Маскав муҳоҷирони кории тоҷик дар ҳолати ғуломӣ қарор доранд (АКС)

$
0
0

Дар ноҳияи Михеевои вилояти Маскав 15 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва ду шаҳрванди Узбакистон дар ҳолати ғуломӣ нигоҳ дошта шуда бидуни маош дар сармо ба кори саҳроӣ ҷалб карда шудаанд.

Ин муҳоҷирони корӣ баъди моҳи августи соли ҷорӣ наздик ба чор моҳ бидуни маош, дар саҳро гулкарам, карами чинӣ ва карами расмӣ меғундоштаанд.

Фарҳод, яке аз ин муҳоҷирон ба Паём.нет гуфт, қариб чор моҳ мешавад, маош нагирифтаем. Саҳро ниҳоят хунуку тоқатфарсо, ҷои хобамон ҳам хунук аст. Ягон рубл пул надорем. Мо ин ҷо дар аввал наздик ба 40 нафар будем. Чандин касоне, ки барои роҳкиро то Маскав пул доштанд, гурехта рафтанд.

Корфармо дар чанд рӯз як бор каме хурока меовардаст ва мегуфтаст ҳолӣ ҳозир шароити пул додан нест. Ҳар вақто ҳосилро аз саҳро ҷамъ кардеду ба фуруш рафт баъд пулатонро мегиред.

Ин муҳоҷири тоҷик мегуяд, аз Тоҷикистон ҳар руз ба мо занг зада пул фиристед, дар Тоҷикистон ҳаво сахт хунук шуд, ба ҳезуму ангишт пул надорем мегуянд, ҳайронем чӣ кор кунем.

Бино ба маълумоти ба мо додаи муҳоҷирон ҳатто либоси кориашон низ тунук буда рузи дароз дар барф кор мекардаанд. Либосҳо тар мешудааст. Тарафи шаб шароити хушк кардани либос набудааст. Бо навбат дар болои як печ либосҳоро хушк мекардаанд. Аммо либосҳо ба пуррагӣ хушк намешудааст. Боз саҳар либоси нимтару нимхушкро пушида ба кор мебаромадаанд.

Баъди таҳқиқи ин хабар гузориши муфассал дар ин бора нашр мешавад.

photo_2016-11-29_12-25-18 photo_2016-11-29_12-25-12 photo_2016-11-29_12-25-05 photo_2016-11-29_12-24-50 photo_2016-11-29_12-24-43 photo_2016-11-29_12-24-36 photo_2016-11-29_12-24-28 photo_2016-11-29_12-24-22 photo_2016-11-29_12-23-36 photo_2016-11-29_12-24-50

Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>