Зимни суханронияш раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Венгрия, дар як ҳамоиши байналмилалӣ гуфт, Тоҷикистон бо дар ихтиёр доштани 60 дарсад аз манобеи оби Осиёи Марказӣ ва бархурдорӣ аз иқтидори тавлиди 527 миллиард киловатт соат барқ, танҳо аз 3 то 4 дарсади тавони тавлиди барқи худро истифода мекунад ва то ба имрӯз аз норасоии қувваи барқ ва оби ошомиданӣ танқисӣ мекашад.
Ба гузориши сайти итилоърасонии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар дуввумин ҳамоиши байналмилалии об дар Будапешт, пойтахти Венгрия афзуд: “Нотавонӣ дар баҳрагирӣ аз ин иқтидори бузурги тавлиди барқ дар нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистон сабаб шудааст, ки дар фасли сармо дар ин кишвар маҳдудияти барқ ҷорӣ шавад”.
Раҳмон ҳамчунин бар зарурати ҳамкории ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҳалли ихтилофоти печида бар сари обу энержӣ таъкид кард.
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тибқи одати маъмулияш ҳамеша дар рафти суханронӣ ҳини сафараш ба кишварҳои арабӣ аз бародариву баробарии аҳли ислом, ҳадисҳои далолаткунанда ба кумаки ҳамдигар, дастгирии бенавоён ҳарф зада ташвиқ ба хайроту эҳсон мекунад.
Аммо дар кишварҳои аврупоӣ ва ғарб бошад, чун “домуллогияш” кор намедиҳад, аз зарари офатҳои табиӣ, нарасидани оби нушокӣ, сармоягузориҳо ҳарф зада ин кишварҳоро ташвиқ ба ёриҳои гуманитарӣ, грантҳо, қарзҳои бебозгашт ва ё ҳеҷ набошад дарозмуддат мекунад. Аз ҷумла дар ин ҳамоиш низ Эмомалӣ Раҳмон ба хисороти беш аз 600млн доллар аз паи офатҳои табиӣ ишора намуд. Тамоми кишварҳоро ба дастгирии ҳамдигар ва муттаҳидӣ даъват кард.
Гуфтан ба маврид аст, ки Тоҷикистон ба ин наздикӣ дасти касеро гирифтанӣ нест ва тавони дастгириро ҳам надорад. Ишора ба дастгириву муттаҳидӣ яъне гадоӣ бо таври дипломатӣ, ин ҳунари хоси раисҷумҳури кишвари Тоҷикистон аст. Дар ин бобат хеле кам раҳбарони кишварҳое ҳастанд, ки мисли Эмомалӣ Раҳмон муваффақ шудаанд. Умед меравад натиҷаи ин баромади Эмомалӣ Раҳмон ҳам, сабаби боридани грантҳо ва сармоягузориҳову қарзҳои бебозгашту бемуҳлату ҳеҷ набошад дарозмуддат ба Тоҷикистон хоҳад шуд. Аммо ба ҷои зарурӣ масраф шудани ин гадоиҳо мавзӯи дигар аст.
Дар ҳамоиши серӯзаи байналмилалии об дар Будапешт, пойтахти Венгрия намояндагони 117 кишвари мухталифи ҷаҳон ҳузур доранд