Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ба гӯши мардуми хоб… (Маснавие аз Исфандиёри Назар)

$
0
0

Халқи ман! То куҷо ту хомӯшӣ?
То куҷо дар худат фаромӯшӣ?
Дӣ кӣ будиву ҳолиё кистӣ?
Гӯйӣ ҳастиву гӯиё нестӣ…
Мондаӣ дар харобаи торих,
Парчамат бешаробаи торих.
Оташатро чу кушт Искандар,
Пар кашидӣ миёни хокистар.
Тозӣ чун пой дар Бухоро монд,
Сӯхт ҳар ҷо, ки ҷойи поро монд.
Ту вале з-ӯ гирифтӣ Қуръонро,
Балки аз ӯ гирифтӣ имонро!
Араб аз юмни ту муъарраб шуд,
Соҳиби хатту чаку мактаб шуд!
Парваридӣ чу Оли Сомонро,
Барниҳодӣ маоли бунёнро.
Лафзи тозӣ зи хитта шуд берун,
Форсӣ шуд ба Рӯдакӣ мавзун.
Ба ғуломон чу тахтро додӣ,
Аз сари тахти бахт уфтодӣ.
Бар дари ту гаҳе уғӯз омад,
Бар сари ту сиёҳрӯз омад.
Давлатат пора кард салҷуқе,
Хор гаштӣ ба дасти махлуқе.
Навбати тохти Темучин омад,
Бахт баргашта буду ин омад.
Хона-хона ба коми оташ рафт,
Кишварат дар куноми оташ рафт.
Аз муғул ончи монду барпо монд,
Мурдареге ба турки саҳро монд.
Ланги зиште ба сарварӣ омад,
Даври ташдиди барбарӣ омад.
Аз сари мо манораҳо бар кард,
Хокро ӯ ба хуни мо тар кард.
Лаънати пойдор барпо монд,
Дахмаи зишти хеш барҷо монд.
То, ки Шайбониён сар оварданд,
Гард аз хоки ту бароварданд.
Навбати хонадони манғит шуд,
Мулки ту ошёни манғит шуд.
Лек бо ин ҳама шикастанҳо,
Баршуданҳо, дубора хастанҳо.
Нашудӣ аз забони худ маҳрум,
Хасм шуд пеши донишат маъдум.
Форсӣ худ забони давлат буд,
Фахру фарри сарони давлат буд.
Хоҳ Чингизу зишти Темурланг,
Хоҳ дар Чину рӯйи мавҷи Ганг.
Ҳама ҷо бо дарӣ навиштандӣ,
Бо забони парӣ навиштандӣ.
Пой монда аду ба маъвоят,
Гашт мағлубаи алифбоят.
Худ забони ту кори Рустам кард,
Душманатро шикасту мулзам кард.
Хатти ту сарҳади ту шуд охир,
Ҳадди ту сархати ту шуд охир.
Хатти ту сарҳади ту шуд, аммо,
Ҳадди ту сархати ту шуд, аммо,
Душмани тозаат падид омад,
Душмане, ки касе надид омад.
Душмани сархати дарӣ буд ин,
Душмани шеваи парӣ буд ин.
Гашт авлоди Рӯдакӣ бехат,
Буд гӯйӣ зи кӯдакӣ бехат.
Ватанат шуд мағоки хомӯшон,
Ту шудӣ миллати фаромӯшон.
Мондаӣ пеши хеш беминбар,
Дур аз хатти порсӣ абтар.
Шудаӣ Рустами дари хона,
Дил ҳама хуш кунӣ ба афсона.
Ҳама аз мурдаҳои худ нозӣ,
То куҷо инчунин сарафрозӣ?
Рустами Достони ту мурда-ст,
Оташи бостони ту мурда-ст!
Нест дар по калушу потова,
Мезанӣ лофи парчами Кова.
Ном Суҳробу сахт тарсуӣ,
Ба умеди амуву холуӣ.
Дода аз каф чароғи Маздоро,
Мекунӣ даъвии Авасторо.
Ба Расули Худои худ душман
Шудаӣ ту ба амри Оҳарман.
Дини худро намудаӣ бадном,
Гашта муртад ба соҳиби Ислом.
Номи фарзанди хеш Сомонӣ,
Мондаиву ҳамеша сарсонӣ.
Агар аз дудмони Синоӣ,
Роҳи ӯро чаро напаймоӣ?
Бо кадомин дабира ӯ бинвишт,
Он ҳама донише, ки ӯ огишт?
Каф ба лаб, бурда номи Мавлоно,
Маснавиро нахондаӣ, ҷоно!
Порсӣ хатти фахри дерин аст,
Порсӣ ҳам дабира, ҳам дин аст!
Дини ту дониш асту донишвар
Буду бошад ҳамеша пайғамбар!
Войи халқе, ки ӯ қалам бишкаст,
Дини худро тамом дод аз даст!
Войи халқе, ки карда муздурӣ
Оварад нону шаҳ кунад гурӣ!
Башарият зи шоҳӣ рӯ гардонд,
Ту хасеро ба шоҳӣ хоҳӣ хонд?
Дар танат руҳу хуни Маздак ку?
Инқилобу ҷунуни Маздак ку?
Нест фахре ба хоки Эронат,
Пора гашта ҳама Хуросонат.
Эй, ки гаҳвораат Варазруд аст,
Ҳол душман дар он баросӯда-ст.
На Самарқанду не Бухорое,
На туро монда Тахти Дорое.
Ҳарфи маҳдуди Тоҷикистонӣ,
Дур аз ҷони хешат Эронӣ.
Вой! Оне, ки бар ту арбоб аст,
Толии Бердиёи каззоб аст.
Ӯ, ки кардат муҳоҷиру муздур,
Биканад ҳар замон бароят гур.
Пой бар рӯйи рои ту монад,
Хештанро худои ту хонад.
Сару саркардаи ҳама аъдост,
Ҳама қонуни ӯ хати Ёсо-ст.
Халафи нобакори Чингиз аст,
Душмани хонадони Парвиз аст.
Гург дар ҷомаи шубон аст ин,
Қаҳрамон неву қалтабон аст ин!
Гушнамасте, ки кӯси шоҳӣ зад,
Миллатеро ба ин табоҳӣ зад.
Хезу бунёни ӯ дар оташ зан,
Сару сомони ӯ дар оташ зан!
Хештанро дубора сомон бахш,
Дин дорӣ, ба хеш имон бахш!
Зинда кун наҳзати ниёконро,
Насб кун парчами Хуросонро!
Порсӣ кун дабираи худро,
Форсӣ хон набераи худро!
Дар Бухоро хурӯши миллат зан,
В-он гаҳе фахр аз ҷибиллат зан!

Исфандиёри Назар


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>