Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Бетарафӣ бешарафӣ нест магар?

$
0
0

Хабари рабуда шудани ҳамсари Муҳаммадалӣ Ҳаит бо писари ноболиғашро шунида нороҳат шудам, нороҳат аз кормандони мақомот не, чун қонуншиканӣ одати доимии ин ниҳод гаштааст  ва ба қавли мардум аз «говзурӣ «-и  курсинишинон ҷои гила нест, онҳо дилашон ва чашмашон танҳо курсиҳоро мешиносанд, нисбати андешамандони имрӯз ҳам дигар ҷои гап нест чун андешаашон ба андешаи «пешво» решапайванд шудааст.

Муллоҳо ва диндорон хомӯшанд, чун чанд сол пеш онҳоро хомӯш карда буданд, ба забони Ғарибшо «худашон хомӯш шуданд», фаъолзанонамон барои  ороиши худу  идораашон саргардон…

Имрӯз зани тоҷик, кӯдаки тоҷик, модари тоҷик, азият мекашад, таҳқир мешавад. Ғайриқонунӣ  боздошт ва дуздида мешавад. Ҷомеа хомӯш, ҳукумат хомӯш, зиёӣ хомӯш. Магар ин мардум барои дидан ва шунидани ҳақиқат ва дастгирии мазлум ва мӯҳтоҷ рӯзаи сукут гирифта бошанд?.

Ҳамчун як модар ба ҳама ниҳодҳои ҳуқуқӣ, кумитаи кор бо занон, ҳимояи кӯдак ва дигар созмонҳову ташкилотҳои дифои ҳуқуқи башар муроҷиат мекунам ки нисбати ин модар бетараф набошанд. Хонум Савринисо дар хона тифли бемор дорад ба замми ин қариб як сол мешавад бо вазнинтарин мушкилот гирифтор аст, ҳамеша зери назорати кормандони ямният қарор доранд боз ин қадар фишор кам буд, ки боздошт мекунанд.

Куҷо шуд амал ба шиори баланд бардоштани мақоми зан, куҷо шуд рӯзи модар? ё ин рӯзҳо танҳо барои занон ва модарони хос аст?

Чи гуноҳ дорад Савриниссо, ё мисли одатҳои мардуми ҳинд  дар қадим, ки агар шавҳарҳояшон мемурд зан ҳам бояд ба оташ кашида мешуд, мисли ин қонуни архаистӣ  магар қонуне ҷорӣ шуда бошад ва вакилони мардумӣ, ки хомӯш нишастаанд хомӯшона қабул карда бошанд?

Агар чунин аст бирасонед ба мардум, ки дар баробари гуноҳи мард зан ва фарзандонаш низ муҷозот мешаванд.

Имрӯз ҳама аз ҳимоя ва дастгирии занон мегӯянд, чандин ташкилотҳо бо номи дифои ҳуқуқи башар, дифои ҳуқуқи кудак, зидди шиканҷа, дифои ҳуқуқи зан ва ғайра вуҷуд доранд,  аммо чанд зани муштипари бесаробон таҳқир ва озор мебинанд, мисли Дилбар Гургова ва дигар хонаводаҳои маҳбусон, касе дар қиссаашон нест.

Бо вуҷуд ба ҳамаи мардон ки дар дохил ва хориҷи кишвар ҳастанд бо камоли масъулияташон муроҷиат мекунам ки аз ин хоҳар дифоъ кунед чун марзи номус ва виҷдонатон убур мешавад.

Муҳаммадалӣ Ҳайит дар маҳбас аст ва пеши чашми ҳама зан ва писараш боздошт мешаванд ва касе ҳам намедонад, ки чи ҳол доранд ва дар кучо қарор доранд. Бетарафӣ бешарафӣ нест магар?

Мунисаи Солеҳ


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>