Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода: Барои роҳандозии Стротегияи миллии рушд 118 милиарду 100 миллион $ зарур аст.

$
0
0

Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон имрӯз, 1 уми декабри соли равон ҳангоми муаррифии лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар парлумони кишвар изҳор дошт, ки барои зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон ҳудуди 118 миллиарду 100 миллион доллари амрикоӣ лозим аст.

Дар ҳамин ҳол вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфтааст, ки то соли 2030 кишвараш аз вобастагии иқтисодии мамолики дигар раҳо ёфта, дар ҳамин замина омилҳои беруна коҳиш хоҳанд ёфт ва ҷумҳурӣ ба амнияти энергетикӣ мушарраф хоҳад шуд. Вай таъкид кардааст: “Дар назар аст, ки ҳаҷми ММД сари ҳар сокин ду баробар зиёд шавад. Истеҳсоли саноатӣ 4,5 баробар афзоиш меёбад. Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ ба индустриалӣ — аграрӣ табдил меёбад ва барои ин тамоми имконот мавҷуд мебошанд”.

Ба қавли Ҳикматуллоҳзода ин барнома на танҳо ба ҳукумат ва парлумони икшвар  дахл дорад, балки он стротегияи миллат мебошад ва барои дар амал татбиқ сохтани он на аз буҷаи давлат, балки аз дигар манбаъҳо маблағ дастрас карда мешавад. Вазири тоҷик изҳор дошт, ки пеш аз ҳама ба ҷомеаи шаҳрвандӣ такя хоҳанд кард ва барои дар амал пиёда сохтани ин строгетия шароит муҳайёст.
Таъбири “зиндагии шоистаи мардум” қаблан аз забони раисҷумҳури Тоҷикистон садо дода аст. Вай ҳангоми баррасии барномаи Стротегияи рушди миллӣ барои давраи соли 2030 дар ҷаласаи ҳукумат дар ин робита изҳори назар карда ва ба мардуми ҷумҳурӣ ваъда дод, ки дар понздаҳ соли оянда Тоҷикистонро ба кишвари шукуфон мубаддал месозад ва барои миллат зиндагии шоиста фароҳам менамояд.

Ба қавли раисҷумҳур: “ин дуюмин стратегияи дарозмуддати рушди кишвар буда, дар он ҳадафҳо, захираҳои мавҷуда, таъсири омилҳои беруна ба рушди кишвар ба инобат гирифта шудааст. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 давоми 15 соли оянда ҷиҳати муҳайё намудани зиндагии шоистаи мардум пешбинӣ гардидааст”.


Ҳукумат бо роҳандозии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мақсад дорад, ки аҳолиро маълумотнок гардонад, сатҳи дарозумрии сокинонро боло барад, ба фавти модару кудакон коҳиш диҳад, шароити зиндагии мардумро беҳбуд бахшида, бештар ҷойҳои корӣ ва бо шуғл фароҳам оварад ва  нишондиҳандаҳои рушди микро ва макроиқтисодии кишварро устувор нигаҳ бидорад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>