Парвози хатсайри Тошканду Душанбе, ки тайи тақрибан 25 соли охир қатъ шуда буд, аз моҳи январи соли 2017 оғоз меёбад. Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфтааст, дар ин бора рӯзи 30 ноябр миёни ҳайатҳои Тоҷикистону Узбакистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Вай афзуд, парвозҳоро аз ҷониби Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва аз тарафи Узбакистон «Узбекистон ҳаво Йуллари» ба роҳ монда, дар як ҳафта ду бор парвоз анҷом мешавад.
Мақомот афзуданд, дар оянда ҳамлу нақли бор низ ба роҳ монда хоҳад шуд, «зеро ин нукта дар протокол дарҷ шудааст».