Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Бовари мардум ба бонкҳои Тоҷикистон афзудааст?

$
0
0

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба ин назар аст, ки боварии мардум ба бонкҳои кишвар афзудааст. Новобаста аз мушкили чанд бонк, ҳаҷми пасандозҳои мардум ва корхонаҳо бештар шудааст.

Нурмаҳаммадзода, ки дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ширкат мекард гуфт, нисбат ба оғози соли ҷорӣ пасандозҳои шахсони инфиродӣ ва ҳуқуқӣ 13 дарсад афзоиш ёфта аз 8,4 миллиарди аввали сол ба 9,5 миллиард сомонӣ расидааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳазорон нафар муштариёни ду бонки бузурги кишвар — Тоҷиксодиротбонк ва Агроинвестбонк моҳҳои зиёде наметавонанд пасандози худро бозпас бигиранд. Дар мавриди мушкили пардохти паандозҳои мардум Нурмуҳаммадзода гуфт, фардо 2-декабр ҷаласаи гурӯҳи корӣ таҳти раҳбарии сарвазири кишвар баргузор хоҳад шуд. Раиси Бонки миллӣ мутмаъин аст “ки фардо ба ин масъала нуқта гузошта хоҳад шуд”.

Нурмуҳаммадзода ҳамчунин иттило додааст, ки бонкҳои Тоҷикистон соли ҷорӣ ба маблағи 5,8 миллиард сомонӣ қарз додаанд. Таваррум бошад дар соли ҷорӣ ба иттилои раиси Бонки миллӣ 7 дарсадро ташкил додааст. Барои соли оянда ҳам ӯ ҳамин рақамро тахмин задааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>