Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Дар рӯзи интихоботи президентӣ гузаргоҳҳои сарҳадии Узбакистон баста намешавад

$
0
0

Узбакистон дар рӯзи интихоботи президентӣ сарҳад бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Тоҷикистонро намебанданд.

Музраф Икромов, вазири адлияи Узбакистон 30-юми ноябр дар як нишасти матбуотӣ эълон кардааст, ки гузаргоҳҳои марзӣ дар рӯзи интихоботи Президент тибқи реҷаи муқаррарӣ кор хоҳанд кард ва рафтуомади шаҳрвандон ба ҳар ду тараф бемонеа сурат хоҳад гирифт.

Ин дар ҳолест, ки пеш аз ин  ҳангоми маъракаю ҳамоишҳои муҳими сиёсӣ дар сарҳади Узбакистон гузаргоҳҳо баста мешуданд.

Интихоботи Президент дар Узбакистон 4-уми декабр дар назар буда, Шавкат Мирзиёев раҳбари муваққатии ин кишвар, номзади аслӣ ба мақоми президентӣ ба шумор меравад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>