Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Доналд Трамп аз таъйини вазирони нави вазорати молия ва тиҷорат хабар дод

$
0
0

Доналд Трамп, президенти мунтахаби Амрико   хабар дод, ки бонкдори маъруфи Амрико Стивен Мачин ба вазифаи вазири молия ва як  бонкдори маъруфи дигари Амрико Вилбер Росс ба мақоми вазири тиҷорат таъйин мекунад.  

Стивен Мачин дар гузашта ба ҳайати бонки маъруфи сармоягузори Goldman Sachs шомил буд, баъдан гурӯҳи бонкии худро таъсис дод ва тарҳҳои Ҳолливудро сармоягузорӣ кард. Ба дороиҳои созандаи ӯ филмҳое мисли Avatar ва American Sniper шомил ҳастанд. Дар маъракаи интихоботии ахир Мачин раҳбари молии ситоди номзади ҳизби Ҷумҳурихоҳ буд.

Бонки сармоягузории Вилбер Росс солҳо ба бозсохти муассисаҳои бесамар дар соҳаи мухобирот, нассоҷӣ, оҳангудозӣ, ва соҳаи саноати ангишт машғул буд.

Ба гуфтаи президенти нав, «Вилбер медонад, ки чӣ тавр ҷойҳои корӣ таъсис диҳад, рушди бахши энергетикиро таъмин кунад, дар ҳоле ки Амрико ба афзоиши қобили мулоҳизаи иқтисод ниёз дорад».

Ҳамчунунин, Тод Рикетс, иқтисоддони муваффақ ва молики бошгоҳи бейсболи «Chicago Cubs», ноиби Вилбер Росс интихоб шудааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>