Дар қатораи Маскав — Хуҷанд роҳбалади вагон аз ҳар мусофир барои “насупоридан ба сарҳадбонон” бо таҳдид 1200 рубл меситонад. Ҳар касеро, ки ин маблағро насупорид, ҳади ақал ҷаримаи сарҳадбонони рус ва ҳатто ихроҷ аз хоки Русия таҳдид мекунад.
Хонандагони Паём.нет иттило медиҳанд, ки роҳбаладони ин қатора на танҳо аз мардум бо таҳдид пул меситонанд, балки вазифаҳои хидматии худро иҷро намекунанд. Ҳоҷатхонаҳои вагонҳои ин қатора, тибқи нақли хонандагони мо он қадар ифлосу бадбӯянд, ки мусофирон то истгоҳи навбатӣ сабр мекунанд, то ба ҳоҷатхонаи истгоҳ раванд. “Дар сурати даромадан ба ҳоҷатхонаҳои вагонҳои ин қатора, имкон надорад, ки либосатро наҷас накарда берун оӣ”- навиштааст як хонандаи мо.
Ҳар роҳбалади ин қатора ба вагонаш борҳои иловагӣ бор мекунад, ки нишасту хез ва роҳгардии мусофиронро бо шиддат мушкил мекунад. Борҳо, ки албатта роҳбалад аз соҳибонаш пул ситонидааст, зери пои мусофирон, дар купэҳо, роҳравҳо ва долонҳо гузошта шудаанд, хабар медиҳанд мусофирон.
Як хонандаи мо навиштааст, ки баробари савор шудан ба вагон, роҳбалад аз мо 1200 рублӣ ҳақ талаб кард. Ҳар касе қабул накард, таҳдидашон кард, ки ба сарҳадбонони рус месупорад, онҳо “подстава” мекунанд. Чанд нафар гуфтанд, ки мо қарз гирифта хона равон шудем, чун имсол кор хуб нашуд. Роҳбалад посух додааст, ки боз қарз мегирӣ ё худатро мефурӯшӣ, пули маро тайёр кун, ки дар акси ҳол бо сарҳадбонон худат сӯҳбат хоҳӣ кард.
Аммо ғоратгарӣ бо роҳбаладон тамом намешавад. Ҳамин хонандаи мо мегӯяд, ки вақте ба Тоҷикистон расидем, як сарҳадбон ба вагон ворид шуда эълон кард, ки ҳар касе мехоҳад ба шиносномааш мӯҳри вуруд зада шавад, 200 рубл тайёр кунад. “Дар акси ҳол мӯҳр-пӯҳр нест” — гуфтааст сарҳадбон.
Чанд сол қабл, мақомоти беҳдоштии Русия гардиши қатораи Душанбе-Маскавро ба иллати шароити ғайрисанитарӣ манъ карда буданд. Ба назар мерасад то пайдо шудани ҳадафи сиёсӣ мақомоти беҳдоштии Русия ҳам бо қатораҳои Тоҷикистон оре надоранд.
Хабари шароити ғайрисанитарӣ ва ғорат дар қатораҳои Тоҷикистонро хонандагони зиёде ба мо навиштаанд, аммо ҳама баъди расидан ба хонаҳояшон менависанд ва касе то ҳол аксу видео равон накардааст. Аз хонандагоне, ки ҳадаф доранд бо қатора сафар кунанд, хоҳиш менамоем аксу видео ва гузоришро аз дохили қатора бифристанд, то мо тавонем ба мақомоти тоҷику рус расонем.