Баъди хабари Паём.нет дар бораи гурӯҳи калони муҳоҷироне, ки дар вилояти Маскав, ноҳияи Ступино ғуломвор кор фармуда шуда, дар шароити баде зиндагӣ мекарданду ҳақи хизматашон пардохт намешуд, раҳбари созмони ЭТМОС Каримҷон Ёров ба назди онҳо рафт, то кӯмакашон кунад.
Каримҷон Ёров, ки худаш дар шаҳри Санкт Петербург зиндагӣ мекунад ва ба хотири расидан ба доди ин гурӯҳи муҳоҷирини мазлуми тоҷик ба вилояти Маскав сафар кардааст қазияро ба Паём.нет шарҳ дод.
Ин гурӯҳ қаблан беш аз 50 нафар будаанд, ки баъди напардохтани ҳақи хизматашон қисме аз онҳо онҷоро тарк кардаанд ва алъон ҳамагӣ 22 нафар мондаанд. Ин гурӯҳи муҳоҷирон дар саҳро ба ҷамъоварии ҳосил машғул буданд ва корфармоёнашон ба онҳо ваъда дода будаанд, ки ҳар моҳ новобаста аз ҳаҷми кор ба ҳар нафар 30000 рублӣ пардохт хоҳанд кард. Аммо аз нимаи моҳи август то имрӯз ҳақи хидмати онҳо пардохт карда нашудааст ва корфамоён ба муҳоҷирини тоҷик беш аз 2 миллион рубл қарздор шудаанд. Акнун баҳона овардаанд, ки шартнома вобаста ба ҳаҷми кор буд ва муҳоҷирон беш аз 2 моҳ кор накардаанд. Аммо муҳоҷирон мегӯянд, шартнома моҳбай ва ҳаҷми кор зикр нашуда буд. Корфармоён 4 нафар будаанд: 2 яҳудитабори шаҳрванди Гурҷистон, 1 яҳудитабори шаҳрванди “Исроил” ва як озарбойҷонӣ, ки ба кори муҳоҷирон роҳбарӣ мекардааст. Онҳо аз муҳоҷирон номи аслии худро пинҳон дошта, номҳои қалбакӣ гуфтаанд, вале ба Каримҷон Ёров муяссар шудааст номҳои аслии онҳо ва ҳатто ҷои зисти яке аз онҳоро пайдо кунад.
Баъди муроҷиати муҳоҷирон ба Паём.нет ва расонаӣ шудани қазия, корфармоён ба муҳоҷирин таҳдид кардаанд, ки дигар ягон тин нахоҳанд гирифт ва онҳоро тавассути Хадамоти муҳоҷирати Русия ихроҷ хоҳанд кард. Вале Каримҷон мегӯяд, дар гумон аст, ки корфармоён ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат кунанд, чун худашон қонунро вайрон кардаанд ва дар сурати хабардор шудани Хадамоти муҳоҷират барои ҳар муҳоҷири корӣ 1 миллион рубл ҷарима хоҳанд шуд. Чун муҳоҷиронро ғайрирасмӣ ва ғайриқонунӣ кор фармудаанд
Ёров мегӯяд бо гумони ғолиб корфармоён пули муҳоҷиронро пардохта, моҷароро мепӯшонанд, то ба дасти Хадамоти муҳоҷират наафтанд. Аммо муҳоҷирон ҳамагӣ ихроҷ хоҳанд шуд, чун ҳуҷҷати зарурӣ надоранд. Дар оғози кор корфармоён ваъда кардаанд, ки ҳуҷҷати онҳоро тахт хоҳанд кард ва ҳатто нусхаи шиносномаҳои онҳоро ҳам гирифтаанд, вале то ҳанӯз ба дасти ҳеҷ кадоме аз муҳоҷирон ҳуҷҷате нарасидааст.
Каримҷон Ёров мегӯяд то рӯёнидани маблағи муҳоҷирон талош карда, дар сурати напардохтани маблағҳо ба додгоҳ муроҷиъат хоҳанд кард. Ӯ мегӯяд сабти таҳдиди корфармоён ба муҳоҷирон ҳам дар дасташ аст, ки дар додгоҳ аз он истифода хоҳад кард. Аз гуфтаи Каримҷон бармеояд, онҷо кадом зани тоҷике ҳам пайдо шудааст, ки гуфтаи корфармоёнро тасдиқ мекунад. Яъне ин зан ҳам мегӯяд, ки шартнома тибқи ҳаҷми кор будааст. Аммо муҳоҷирон мегӯянд он занро намешиносанд ва ҳатто боре ҳам надидаанд.
Ҳамчунин Каримҷон иттило пайдо кардааст, ки ин гурӯҳи корфармоён дар чанд ҷои дигар ҳам замини корӣ доштаанд ва тахмин мезанад, онҷо ҳам муҳоҷирони кории тоҷик бепул истисмор мешаванд.
Тибқи гуфтаи раҳбари созмони ЭТМОС, Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҳам аз қазия хабардор карда шудаанд ва қарор аст ба зудӣ ба назди он муҳоҷирон бираванд.
Паём.нет ин қазияро то охир пайгирӣ намуда, хонандагонро дар ҷараён хоҳад гузошт. Ҳамчунин аз хонандагон низ хоҳиш менамоем дар пайдо кардани иттилои бештар дар ҳақи ин корфармоён ба мо кӯмак намоянд
Сабти вохӯрии Каримҷон Ёров бо муҳоҷиронро инҷо бубинед: