Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Интихобот дар Ӯзбекистон доир гашт ва Шавкат Мирзиёев пирӯз шуд

$
0
0

4 уми декабри соли равон дар саросари Ӯзбекистон интихоботи умумихалқӣ барои маснади президентӣ баргузор гашт, ки дар он ҷаҳор нафар номзад аз ҳизбҳои порлумонии кишвар вориди сабқат гаштанд.

Раиси Комиссиюни интихоботи Ӯзбекистон Мирзоулуғбек Абдусаломов эълон кард, Шавкат Мирзиёеви 59 сола, ки аз соли 2003 то ин замон вазифаи сарвазирии ин кишварро иҷро мекард бо касби 88,61 дарсад дар ин интихобот пирӯз шуд.

Ин интихоботе буд, ки пеш аз мӯҳлат ба шумор меравад ва нахустин интихоботест, ки бидуни Ислом Каримов ба амал омад. Номзадии Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Ӯзбекистон аз Ҳизби либерал демократӣ пешниҳод гашта, коршиносон ӯро бо назардошти мақоми сарвазириаш ва воқифияташ аз таҷрибаи давлатдорӣ дар тӯли қариб даҳ соли фаъолияташ дар ин маснад ва дигар вазифаҳо аз муваффақтарин номзадҳо меномиданд. Муддаиёни дигари курсии президентӣ Сарвар Отамуродов аз Ҳизби эҳёи миллӣ, Наримон Умаров аз Ҳизби сотсиал демократии “Адолат” ва Ҳотамҷон Кетмонов аз Ҳизби халқии демократӣ ҳастанд. Аммо ба таъкиди коршиносон, номзадии онҳо аз аҳзоби киссакии ҳукумат пешниҳод гашта, аз назарфиребие беш нест ва чун дар даврони гузашта барои риояи қавонуни демократия ба кор омадааст. Дар ҳамин ҳол Комиссияи марказии раъйдиҳии Ӯзбекистон интихоботӣ президентиро дар кишвар тибқи Сарқонун ва қонунҳои ҷории дигар баргузоргашта ҳисобида, дар изҳороти рӯзи 4 уми декабрии худ гуфтааст, ки дар ҷараёни раъйдиҳӣ ягон қонуншиканӣ ба мушоҳида нарасидааст. Ин ниҳод қаблан эълом дошта буд, ки дар саросари Ӯзбекистон 21 миллиону 400 нафар шаҳрванд ҳуқуқи овоздиҳӣ пайдо карда ва ба рӯйхат гирифта шудаанд. Рӯзи якшанбеи гузашта, соати 22 ба вақти Тошканд раиси Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон Мирзоулуғбек Абдусаломов дар изҳороти худ гуфт: “Мувофиқи ҳисоби пешакӣ 17 миллиону 941 ҳазору 955 нафар раъйдиҳанда ба назди қуттиҳои раъйдиҳӣ ҳозир гашта, ба номзадҳои худ овоз доданд. Ин 87, 83 дарсади ҷамъи интихобкунандагонро ташкил медиҳад.” Дар интихоботи пешин нозирони хориҷӣ ҳамеша интиқод менамуданд, ки дар Ӯзбекситон раъйдиҳӣ шаффоф нест ва тақаллуб дар сатҳи болост. Аммо то ҳол аз аз ҷараёни интихоботи ҷадидулвуқӯъ назари танқидие дар робита ба тақаллубкорӣ баён нагардидааст. Ба маълумотҳо, ҷараёни ҳисоби варақаҳои интихоботи 4 уми декабри соли равонро 37 ҳазор нозир аз мамлакатҳои гуногун назорат доштанд Хабаргузории бахши ӯзбакии ББС гуфтааст, ки то намози зӯҳр аллакай ҳамаи интихобкунандагон дасттаҷамъона ба нуқтаҳои райъдиҳӣ омада, ба номзадҳои мақбули худ овоз дода шуда буданд. Намояндаи комиссияи интихоботии ИДМ Сергей Лебедев қайд кардааст, ки “маъраки интихоботӣ дар Узбекистон дар фазои ором баргузор шуд” ва ин муҳимтарин ба шумор меравад.

Таъкид бояд кард, ки охирин райъдиҳии умумихалқӣ дар Ӯзбекистон барои маснади саисҷумҳурӣ 29 уми марти соли 2015 ба амал омада буд, ки дар он марҳум Ислом Каримов бо соҳибияти зиёдтар аз 90 дарсади оро барои 7 соли оянда ин курсӣ нишаста буд. Аммо вай 2 юми сентябри соли равон баъд аз 78 соли зиндагӣ ва ҳудуди 27 сол вуҷуд доштан дар курсии президентӣ аз хунрезии мағзи сар вафот кард. Коршиносон мегуфтанд, ки марги ин диктотур Ӯзбекистонро ба бунбаст мекашад ва атрофиёни ӯ барои тахту тоҷ вориди ташаннуҷ гашта, вазъро дар кишвар ва куллан дар минтақа нигаронкунанда хоҳанд кард. Аммо аз рӯзҳои аввал нахуствазири Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев, ки маросими ба хоксупоридани ҷасади устоди худ Ислом Каримовро шоиста баргузор намуд, қудратро ба даст овард ва 8 уми сентябри соли равон президенти муваққатии Ӯзбекситон таъин гардид. Гуфта мешавад, ки ВАО и Ӯзбекистон субҳи рӯзи гузашта навор ва акси чаҳор номзадро ба курсии раёсатҷумҳурӣ дар маърази намоиш гузоштаанд, ки ба нуқтаҳои раъйдиҳӣ омада, овоз медоданд. Мирзиёев ба фарқ аз се рақиби худ бо аҳли оилааш, завҷа ва ду духтару домодҳояш ба раъйдиҳӣ омадааст ва бори аввал аст, ки дар ҷамъи пайвандонаш аз тариқи телевизиони давлатӣ намоиш дода шуд. Ҳанӯз пеш аз ҷамъбасти интихобот намояндагони ситоди Ҳизби либерал демократӣ, ки номзадии нахуствазирро ҳимоя мекунанд, гуфта буданд, ки “торти пирӯзии Мирзиёев омода аст”. Онҳо итминон доранд, ки Шавкат Мирзиёев бо соҳиб гардидани 80 дарсади раъйи мардум дар давраи нахуст президенти Ӯзбекистон, яке аз кишварҳои сернуфуси Осиёи Марказӣ мешавад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>