Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Сабти сухани охирини Бузургмеҳр Ёров дар анҷоми мурофиааш — 3 (САДО)

$
0
0

Қаблан мо ду қисмати суханронии Бузургмеҳр Ёровро дар ҷамъбасти мурофиаи аввалаш ва баҳси ӯ бо додситону доррасро нашр намуда будем. Инак қисмати саввуми он баҳс ва сабти садоии пурраи он:
Раисикунанда: — Ёров!
Ёров Б.: -Вақте маро мегўянд дар бораи додарат гап назан…
Раисикунанда: — Ёров, худат ҳуқуқшиносӣ, ман фаҳмондам, ки парвандаи тафтишро на худат, на ман, на як каси дигар ҳуқуқи дахолат кардан надорад. Сабр кунед, тафтиш меравад. Сабр кунед, қарори судӣ барояд. Баъд марҳамат, Ҷамшед шикоят мекунад, адвокат шикоят мекунад, тартиби муқарраркардаи қонун муайян шудааст, аз рўи ҳамон кор кардан гиранд.
Ёров Б.: — Вақте, ки инсон мӯҳтарам суд, арзиши олӣ аст.
Раисикунанда: — Арзиши олӣ аст, тартибша қонун муайян кардааст. Судшаванда Ёров, нагуфтааст қонун, ки Ёров Ҷамшед дар дигар парванда аст, дар дигар мурофиаи судӣ вайро муҳокима кунанд.
Ёров Б.: — Ман гуфта истодаам, ки бинобар он, ки ба ман таъсир расонанд, вайрон маҳкам кардаанд, ман ин гапро гуфта истодаам, мӯҳтарам суд.
Раисикунанда: — Биёед дахолат накунем тафтишоти дигарро. Ман ба шумо гуфтам, ки бо гапи хушку холӣ гап задан даркор нест.
Ёров Б.: — Ман доираи шоҳидон дорам.
Раисикунанда: — Далел. Шоҳид равад ба ҳамон парванда ҷавоб додан гирад охир.
Ёров Б.: — Дар ин ҷо ман талаботи моддаи 12-ро аз рўзи аввал хондам, мӯҳтарам суд, гуфтам, ки ҳимоя кунед ҳамин хел вазъият ба вуҷуд меояд, ҳеҷ кас ҳимоя накард. Ин гапе ки ман гуфтам роҳбари давлат хам гуфтааст, хестааст ягон кас муқобили роҳбари давлат митинг карданд?
Раисикунанда: — Тартибашро қонун муайян кардааст. Фаҳмо. Ба адвокаташон муроҷиат кунанд. Дигар ҷои муҳокимааш ҳаст. Ин ҷо мо парвандаи мушаххасро муҳокима карда истодаем.
Ёров Б.: — Парванда ба ин парванда алоқаманд аст, мӯҳтарам суд.
Раисикунанда: — Алоќамандї медошт, тафтишот муќаррар мекард.
Ёров Б.: — Мӯҳтарам суд, мо тафтишотро дидем аз аввал то охирша. Ман Ниёзова Аслияро кушода додам, хонаи 250 ҳазораро бардоштам, фурӯхтанд хонаи давлатро.
Раисикунанда: — Ёров, ҳамин қадаре ки суд ба шумо имконият медиҳад, шукрона кардан даркор. Вайрон кардан даркор нест тартиботи қонунро, беэҳтиромӣ накунед. Пеши роҳи шуморо дар доираи парванда чӣ қадаре ки метавонӣ гуфтан бигир доираи парвандаи худатон қатӣ, дигар парванда қатӣ на суд, на судшаванда, на айбдоркунандаи давлатӣ ҳуқуқи дахолат кардан надорад. Моҳияти парвандаи худатон аз соати 2 гап зада истодаӣ ягон кас гуфт ки гап назан, бас кун.
Ёров Б.: Дар доираи мавзўъ гуфтам.
Раисикунанда: — Судшаванда Ёров боз гуфта истодаам, вай дар доираи парвандаат нест, парвандаи алоҳида аст, тафтишот рафта истодааст, марҳамат бираванд адвокат мегирад, модараш меравад, касе ки меравад, вай тафтиши худаш аст. Аз моҳияти парванда берун набароед.
Ёров Б.: — Вай додари ман аст мӯҳтарам суд.
Раисикунанда: — Додари шумо ҳаст.
Ёров Б.: Вайро ҳам ҳамин модар тарбият кардааст.
Раисикунанда: — Ёров ҳеҷ кас инкор намекунад, ки модари худат, ё бародари худат, лекин боз гуфта истодаам тартиби мурофиаи судиро вайрон накунед, аз моҳияти парванда берун набаро. Дар дохили мурофиаи судӣ нисбати суд беэҳтиромӣ зоҳир накунед, тартиботро вайрон накунед.
Ёров Б.: — Ман аз суд узр мепурсам.
Раисикунанда: — Судшаванда Ёров, танқид накун.
Ёров Б.: — Ман киро танқид кардам? Вай Президент гуфтааст январи соли 2015.
Раисикунанда: — Судшаванда Ёров, тӯҳмат накунед.
Ёров Б.: — Тӯҳмат намекунам, бардоред макомоти прокуратураро даркор шавад гуфт.
Раисикунанда: — Ягон касро хар нагуфтанд-ку?
Ёров Б.: — Хар нагуфтааст, вай роҳбари давлат аст. Дуруст, ман харро барои он гуфтам, ки дар сураи Аъроф гуфтааст ин чизро.
Раисикунанда: — Мегӯӣ, ки ҷинояткор нестам, дар дохили мурофиа ҷиноят содир карда истодаӣ.
Ёров Б.: — Ман гапи Синоро гуфтам, Сино гуфтааст 1000 сол пеш, ки «Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд».
Раисикунанда: — Баъд модарат гиря карда мегўяд, ки бачаи мара бегуноҳ суд мекунанд. Дар ҳузури суд ҷиноят карда истодааст.
Ёров Б.: — Чӣ ҷиноят кардаам? Дастгирӣ дорам, ки Президент гуфтааст, ин мақомотро барҳам мезанем.
Раисикунанда: — Таҳҷири намояндаи ҳокимият ҷиноят нест?
Ёров Б.: — Кӣ аст намояндаи ҳокимият? Ҳамин одам? Аз қонун бў намебарад, ман намояндаи ҳокимият ҳисоб кунам?
Додситон: — Мӯҳтарам суд, санад тартиб дода шавад, ҷинояти кулли содиршуда, кормандони суд ҳозир шуданд, итоат намекунад, гуш намекунад, беэҳтиромӣ ба суд, чораи қатъӣ андешида шавад. Чандин маротиба санад тартиб дода шуд, ин кас симои зҳириашро кушода дод ба ҷомеа, ба нишастагиҳо ҳам. Ду ҳафта пеш аз Прокурори генералӣ узр пурсида буд, Прокурори генералӣ ба парвандаи ҷиноятӣ ягон дахолат надорад. Боз суханонашро мебинӣ, дар ду ҳафта боз чи хел тағийр меёбад.
Ёров Б.: — Ман ду ҳафта пеш дар ҳақиқат аз Прокурори генералӣ узр мепурсам гуфта будам.
Додситон: — Ҳамаи кормандони суд диданд, ки ҷинояти навбатӣ содир шуд.
Ёров Б.: — Лекин ман мебинам, ки намояндаи Прокуратураи генералӣ вазифаашро иҷро намекунад, ман фош мекунам. Баъде, ки ман мебинам «я его знать не знаю» менависад, ки аз соли 2006 делои ҷиноятӣ кушояд, 10 сол шуд мақсад дорад, ки делои ҷиноятӣ кушояд, фош мекунам. Ин далелро имрўз кўдаки 5-солаи ман дод, ман надоштам ин далелро дар дастам (Газетаи «Нигох»-ро дар назар дорад, ки фарзандаш вакти дидорбини оварда буд). Нависед, гапи Сино: «Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд». Аз рўзи аввал ман гуфтам, ки ман хар нестам. Нависед, Шириншо Шоҳтемуру Нусратулло Махсумро ман дина гуфта будам, ки ана ҳамин хел прокурор ҳукми қатл талаб кард. Давом диҳам?
Мӯҳтарам суд, хоҳиш мекунам, ки дар санадатон суханоне, ки ман дирӯз дар суд гуфта будам, ҳамонро ҳам нависед. Ман дирӯз гуфта будам, ки маӯз фарзандонии баруманди тоҷик Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемурро ҳукми қатл талаб карда буданд. Ҷомеъа ҳеҷ тағйир наёфтааст бо ин масъала ва имрўз вақте ки маро 25 сол талаб карданд, ягон чиз фарқ надорад. Барои хизматҳое, ки ман 25 соли истиқлолият кардаму нисфирўзӣ гуфта гузаштам, 25 сол талаб карданд, вайҳо ҳукми қатл талаб карданд. Талаботи моддаи Конститутсия ман гуфта гузашта будам, боз гуфта мегузарам оиди он мегўяд, ки мо халқи Тоҷикистон худро дар назди наслҳои гузашта масъул ва вазифадор медонем…
Ин ҷо сабт қатъ шудааст.
Дар ҳоле, ки ин суханронӣ таҳия мешуд, хоҳари Бузургмеҳр — Хосият Ёрова хабар дод, ки алайҳи бародараш боз як парвандаи дигар (ин чаҳорум парванда аст) боз кардаанд. Ин дафъа Бузургмеҳр дар гаравгонгирӣ айбдор мешавад.
Ҳамчунин Хосит шикоят кард,ки вакилони дифоъи давлатӣ аз ҳимояи Бузургмеҳр даст кашидаанд, вале хонаводаи Ёров барои вакилони хусусӣ маблағ надоранд. Иззат Амон, раҳбари Созмони ҷавони муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Маскав эълон кард, ки созмони таҳти раҳбариаш барои ҳимояи Бузургмеҳр маблағ ҷамъоварӣ мекунад, аммо ҳамагӣ чанд нафар ҳозир шуданд дар ин кор саҳм гузоранд…


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>