Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

СММ 41 сарбози худро бо иттиҳоми таҷовуз ба додгоҳ кашид

$
0
0

Созмони Милали Муттаҳид нисбат ба 41 сарбози сулҳпарвари худ барои даст доштанашон дар амалҳои зӯроварию таҷовуз дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Тафтишоти қазияро ин созмон ҳанӯз моҳи апрели соли равон оғоз кард, ки он 4 моҳ идома ёфт.

Дар ин бора пойгоҳи хабарии Life.ru хабар додааст.

Дар доираи ин тафтишот 25 ҳолати таҷовузи занону духтарони Ҷумҳурии Африқои Марказӣ аз сӯйи сарбозони сулҳпарвар, ки шаҳрвандони Бурунди ва Габон мебошанд, ошкор карда шудааст. Дар ин муддат фикри 139 нафар қурбонии амалҳои шаҳвонии сарбозони сулҳпарварони СММ шунида шуд, ки 25 нафари онҳоро духтарони ноболиғ ташкил медиҳад.

Қарор дар хусуси тафтиши фаъолияти сарбозон аз ҷониби Хадамоти амниятии СММ моҳи марти соли равон қабул гардида буд. Тибқи лоиҳаи қарордод, дар сурати собит шудани амалҳои шаҳвонии сарбозони неруҳои сулҳпарвар онҳо аз ҳайяти созмон хориҷ карда мешаванд.

Ин навбат ҷараёни тафтишотро бевосита худи Дабири кулли СММ зери назорати қатъӣ қарор додаст. Зеро дар ҳолатҳои қаблӣ нисбат ба сарбозони гунаҳгори амалҳои шаҳвонӣ чораҳои зурурӣ андешида нашуда, ба онҳо ҷазо низ татбиқ нагардида буд.

Қарори мазкур ҳамчунин ба сарбозону афсарони дигар кишварҳо, ки дар ҶАМ зиндагӣ мекунанду тибқи дархости Хадамоти амниятии СММ фаъолият доранд, дахл дорад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles