Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ҳукумати Раҳмон бо мурдагон меҷангад

$
0
0

Бино бар иттилои хабаргузориҳо қабри Иззатулло Қувватов, падари Умаралӣ Қувватов, ки созмонгар ва раҳбари ҳаракати мухолифназари “Гурӯҳи 24”  аз тарафи афроди ҳанӯз номаълум ба гунаи хеле даҳшатовар вайрону валангор гардидааст.

Худи Умаралӣ Қавватов  авоили соли гузашта дар шаҳри Стамбули Туркия тибқи қавли ағлаб бо супориши роҳбарияти Тоҷикистон аввал бо шумули аҳлу оилааш мазмум ва баъдан худашро бо шилик ба қатл расонида шуда буд.

Гуфта мешавад, ки ин ҳодисаи ғайриинсонии тахриби мазори падари Умаралӣ Қувватов 4 уми декабри соли равон рух дода аст. Иззатулло Қувватов 40 сол муқаддам соли 1977 вафот кардаву дар қабристони мавзеи базаи 3 и шаҳри Душанбе ба хок супорида шудааст, ки акнун санги ёдмони сари қабри ӯро шикастаанд ва дарахтеро, ки дар қарибиҳои қабр будааст, решакан ва ба коми оташ додаанд. Ҳоло қабри марҳум дар ҳоли ҳузноваре қарор дошта, ба хашми барҳақи пайвандонаш мубаддал гаштааст.

Назар ба навиштаи ҳамсари Умаралӣ Қувватов Қумринисо Ҷабборовна дар саҳифаи фейсбукиаш, ин амали он афроде аст, ки шавҳари ӯро соли 2015 ба таври ваҳшиёна куштанд ва барои боз ҳам қасд гирифтан имрӯз қабри падари вайро вайрон карданд.

Ҳам дар қавонини дини ислом ва ҳам дар суннатҳои маҳаллии тоҷикон қабри марҳумон хеле иззат карда мешавад ва қабристонҳо ҷои шоистае ба шумор меравад, ки гузаштагон ба хок супорида шудаанд.

Ҳақорат ва бархӯри бади ғайриинсонӣ ба қабри марҳумон аз азал вокунишҳои бадеро дар байни мардум ба амал меовард. Қумринисо Ҷабборовна, ҳамсари Умаралӣ Қуватов, ки ҳоло фарзандони ятимашро тани танҳо ба воя мерасонад, навиштааст:

Ҷасади Умаралиро пас аз кушта шудан дар шаҳри Истамбули Туркия бо шукӯҳу шаҳомат ба хок супоридаанд ва ҳоло қабри ин шаҳиди роҳи озодӣ дар он шаҳри дур аз ватан аст. Агар қабри Умаралӣ ҳам дар ватанаш мебуд, аҷаб нест, ки мавриди таҳқири гӯшношуниде қарор мегирифт.

Назар ба қонунҳои ҷории Тоҷикистон барои таҳқири қабри гузаштагон ҷазоҳои гуногун муайян гардидааст. Қонуни ҷиноии кишвар барои ин амал ҷарима ва ё аз се сол то панҷ соли аз озодӣ маҳрум карданро пешбинӣ менамояд. Аммо даргумон аст, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон вайронкорони қабри Иззатулло Қувватов пайдо ва дар назди қонун ҷавобгар бисозанд. Таъкид мегардад, ин амал бо нишондоди худи ниҳодҳои қудратӣ ба амал омадаву як қасдгирии таҳқиромези дар ниҳояти пастфитратӣ буда, аз эҳтимол дур нест, як ҳушдори қатъӣ ба тамоми узви азҳобу созмонҳои дигарандеш бошад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>