Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ихроҷ ба ҷарима иваз шуд. Оё мушкили муҳоҷирон осон хоҳад шуд? (Навшуда)

$
0
0

Думаи давлатии Русия ҷазоро ба муҳоҷирони корие, ки қонуншиканӣ мекунанд, сабуктар кард. Минбаъд онҳое, ки бори аввал қонуншиканӣ кардаанд, танҳо ҷарима хоҳанд шуд.

Ин қонун танҳо ба Маскав, вилояти Маскав, Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград дахл дорад. Дар шаҳру вилоятҳои дигар қонуни кӯҳна амал хоҳад кард.

Тарҳи қонун лағви ихроҷи иҷбории муҳоҷирони қонуншиканро пешбинӣ мекунад ва онро ба додгоҳ вобаста кардааст. Тибқи ин қонун танҳо ҷарима дар ҳаҷми 7 ҳазор рубл иҷборӣ аст. Аммо дар сурати давоми як сол такроран содир шудани қонуншиканӣ, ихроҷ пешбинӣ шудааст.  

Қаблан додгоҳ метавонист бо камтарин қонуншиканӣ, аз ҷумла дар ҷои муайяннашуда убур кардани роҳ, ё қарз дар телефони мобилӣ, муҳоҷирро аз русия ихроҷ кунад.

Қаблан Вазорати корҳои дохилии Русия иқрор карда буд, ки барои ихроҷи муҳоҷирин маблағи кофӣ надорад.

Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия гуфта буд “бо назардошти аз тарафи қонун муайян нашудани муддати нигоҳдории муҳоҷирони қонуншикани ҳукми ихроҷгирифта дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ, ин боздоштгоҳҳо пур гашта, вазъро мушкил мекунанд”.

Иззат Амон, вакили дифоъ ва раҳбари Созмони ҷавонони муҳоҷири точик дар посух ба Паём.нет гуфт:

Мо  чанд  рӯз  қабл  бо  шумули як ҳайати корӣ  вориди  мутаваққифгоҳ  ё  ба  истилоҳ  спетсприёмники  ба  ном  Сахарово  гаштем. Дар  ин  бора  ба  ВАО  низ  хабар  дода  будем. Агар  гӯем, ки  вазъияти  мардуми  бо  қарори  суд  ихроҷшуда  дар  ин  мутавақифгоҳ  бад  аст, пас  гуё  ки  чизе  нагуфтаем.

Аз  ҷониби  дигар  қарорҳои   ғайриқонунӣ ва  дар  баъзе  ҳолот  аз  доираи  қонун ва  ақл  беруни  судяҳои  Маскав  ва  навоҳии  он  ва  низ  шикояти  беохири  мудофеъони  ҳуқуқи инсон  боис  шуда, ки  қонунбаророн  ба  чунин  як  хулоса  биёянд. Вақте  шаҳрванди  хориҷӣ  дар   кӯча  меистаду  суд  бидуни  ҳузури ӯ қарори  ихроҷашро  мебарорад, пас шумо андозаи ин гуна қарорҳоро фикр кунед.

Барои суд  ва  кормандони  ҳифзи ҳуқуқ  осонтар  аст  онҳоро  ҳар чӣ  зудтар  аз ин кишвар  хориҷ  намоянд, то бишинанду  қонунӣ  ва  ё  ғайрқонунӣ   будани  ҳуҷҷатҳои  ӯро  ҳаллу  фасл  намоянд

Бинобар  ҳамин  шикоят ки  зиёд   шуд    ниҳоди  қонунбарор  низ  маҷбур  шуд  як  кореро  анҷом  бидиҳад

Вале  мо,  мудофеъони  ҳуқуқи инсон  мутмаинем, ки он чӣ  ниҳоди  қонунбарор   ба унвони  сабукӣ  дорад  дар  думаи  давлатӣ дар баҳс  гузоштааст,  ҳеҷ  гуна  сабукие  барои  муҳоҷирони  корӣ  нахоҳад  овард. Ин як  вонамудкунӣ  аст, ки  гуё  онҳо  доранд  кор мекунанд. Дар  асл  худи  шаҳрдори  шаҳри  Маскав  чанд  рӯз  қабл  эълон  кард, ки  маблағи  аз  ҳисоби  фурӯши  патентҳо  ба  даст  омада, бештар  аз  даромади  фурӯши  нафту  газ  будааст.

Дар ин кишвар  ҳеҷ  қонуне  наметавонад  сатҳи  фасодро  кам намояд, зеро  дар  хеле аз ҳолатҳо  худи  муҳоҷирони  корӣ  муҷрии  додани  ришва  ба  кормандон  мебошанд. Аз ҷониби  дигар  ҳама  фаъолияти  кормандони  ҳифзи  ҳуқуқ  ба назари ман  танҳо  ба  фоидаи  худи онҳо  мебошад. Ҳадафи онҳо   таҳмили  риояи  қонун  нест, балки  пур  кардани  ҷайби  худаст.

Каримҷон Ёров, раҳбари Созмони ЭТМОС ҳам ба ин назар аст, ки ин қонун бештар барои пур кардани буҷа тасвиб шудааст:

Аввалан ин қонун барои пур кардани буҷа мебошад. Сониян он қонуне,ки дар Маскав, вилояти Маскав ва инчунин Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград буд аслан агар ягон кас ба додгоҳ муроҷиат мекард, додгоҳ  метавонист ин қонунро бекор кунад, чун ин қонун хилофи Сарқонуни Русияро аст.  Танҳо дар ин шаҳрҳову вилоятҳои номбурда қонуни махсус қабул шуда буд, ки дар сурати як қонунвайронкунӣ, муҳоҷир ҳам ҷарима ва ҳам ихроҷ карда мешуд, ки инак тағйир дода шуд. Бо тағйии ин қонун шояд фасод зиёдтар шавад, чун акнун метавонанд муҳоҷиронро тарсонда пули зиёдатӣ талабанд, ки агар маблағ надиҳӣ, мо ихроҷи шуморо металабем. Баъдан мушкили дигаре ҳам ҳаст, ки метавонанд ба ҷои як ҷарима ду ҷарима нависанду ихроҷ кунанд, чун барои ду ва зиёда аз он қонун ихроҷро пешбинӣ кардааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>