Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

“Соли 2016 соли бобарор ва таърихӣ”. Маҷлиси васеъи Ҳукумат ҷараён дорад

$
0
0

Субҳи имрӯз таҳти раёсати Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд. Дар маҷлиси васеи Ҳукумат нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоиии мамлакат дар соли 2016 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2017 муайян карда мешаванд.

Тибқи иттилои Дафтари матбуотии Раисҷумҳур дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони сохторҳо ва мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доранд.

Эмомалӣ Раҳмон кори маҷлисро оғоз бахшида, таъкид намудааст, ки “соли 2016 барои мардуми тоҷик, дар ҳақиқат, соли таърихӣ ва бобарор ба ҳисоб рафта, дар маҷмӯъ бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст мешавад.”

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2016 нахуст ҳисоботи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода шунида шуд. Сарвазир таъкид кардааст “бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ рушди босуботи иқтисодии мамлакат нигоҳ дошта шуд ва иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин карда шуданд.”

Тибқи гуфтаи Расулзода, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 54 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он ба 6,9 фоиз баробар гардида, сарфи назар аз коҳишёбии қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ нархҳо дар бозори истеъмолӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шудаанд ва сатҳи таваррум 6 фоизро ташкил додааст.

Рушди иқтисодӣ, аз ҷумла ба афзоиши маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ дар ҳаҷми 17,4 фоиз, маҳсулоти саноатӣ — 16,0 фоиз, гардиши савдои чакана- 6,0 фоиз ва маҳсулоти кишоварзӣ- 5,2 фоиз мусоидат намуда, нақшаи ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ – 95 фоиз таъмин ва ба он 16,8 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 907 млн. сомонӣ кам мебошад.

Дар даври ҳисоботӣ нақшаи воридоти андозҳо аз ҷониби мақомоти андоз — 98,2 фоиз ва Хадамоти гумрук — 90,1 фоиз таъмин гардидааст.

Сарвазири Тоҷикистон мӯътақид аст, ки “бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016-ум 52 фоизи хароҷоти буҷет, яъне 8,1 миллиард сомонӣ ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардид”.

Тибқи иттилои ҳамин манбаъ, дар кори маҷлиси Ҳукумати мамлакат инчунин ҳисоботи Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири молия Абдусалом Қурбониён ва раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода шунида шудааст.

“Сипас ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сардори Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмиддинов оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳо дар соли 2016 ҳисобот доданд” — зикр мекунад манбаъ.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва Раиси БДА «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода доир ба тадбирҳои беҳдошти низоми бонкӣ ва сиёсати самараноки пулию қарзӣ, Вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода оид ба ҳолати иқтидорҳои саноатӣ, бунёд ва таъсиси коргоҳ ва корхонаҳои истеҳсолии нав гузириш додаанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолият накардани 450 корхонаи хурду бузурги саноатӣ дар соли равон, роҳандозӣ нашудани тадбирҳо дар самти тақвиятбахшии истеҳсолоти қолинбофии дастӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва хӯрокворӣ изҳори нигаронӣ кардааст.

“Дар кори маҷлис ҳамчунин Вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, Раиси Ширкати Саҳҳомии Холдингии Кушодаи «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода ва Директори генералии ҶСК НБО «Роғун» Хайрулло Сафарзода дар бораи вазъи энергетикии мамлакат, тадбирҳо вобаста ба пешгирии талафоти аз меъёр зиёди барқ ва ҷамъоварии ҳаққи истифодаи он, рафти сохтмон ва навсозию таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обӣ бо ҳисобот баромад намуданд” — омадааст дар иттилои манбаъ.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>