Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Маҳалгароӣ дар Академияи илмҳо шиддат гирифтааст

$
0
0

Дар Академияи илмҳо ба ҷуғрофияи кормандон аҳамият дода мешавад ва бештар зодагони шаҳри Панҷакент ба кор гирифта мешаванд. Кормандони Академияи илмҳо мегўянд, ки бо омадани Маҳмадшо Илолов собиқ президенти Академия бештар зодагони Вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон ҷалб шудаанд ва бо рафтанаш низ рафтанд.


Акнун давраи кланҳои Панҷакент расидааст, ки бо омадани Фарҳод Раҳимӣ Президенти кунуниии Академия шуруъ шудааст.


«Абдунабӣ  Сатторзода, адабиётшинос мудири шуъбаи забоншиносии  Академияи илмҳо, Ҷумъабой Асозода,  Мухбирҷон Кенҷаев, собиқ сармуҳаррири «Паёми Душанбе», Умриддини Шервони Умриддин  ва ҳудуди 14 нафар аз шаҳри Панҷакент баъди омадани Фарҳод Раҳимӣ ба инҷо ба кор омаданд. Бархе профессорон ва докторҳоро бо ҳар баҳона аз кор пеш карданд»- гуфт манбаъи  мо дар Академияи илмҳо.

 

Farhod Rahimi

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ, зиёда аз ду сол аст бо фармони Президент Эмомалӣ Раҳмон Президенти Академияи илмҳо таъин шудааст. Онҳое, ки бо ў кор кардаанд мегўянд, ки дар вақти муовини вазири маориф ва илм будан ҳам хислатҳои маҳалгароиаш бештар буд, аммо Абдуҷаббор Раҳмонов собиқ вазири маориф  ва Нуриддин Саид,  вазири маориф ва илми кишвар баъзан  дасти дарози маҳалгароии ўро  «кӯтоҳ мекарданд».

 

Маҳалгароӣ яке аз масъалаҳои доғӣ ҷомеаи имрўзи Тоҷикистон дар сатҳи Ҳукумат аст. Агар роҳбари ин ё он сохтори давлатӣ аз як минтақа таъйин шавад, аввалин иқдомаш аз интихоби кадр сари зодаи маҳал аст. Чуноне ки ҳоло бо шарофати зодгоҳи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар аксари вазирон ё кабинаи Ҳукумат аз Данғара ва Кангурт аст. Масалан Шерхон Салимзода, директори Агентии мубориза бар зидди маводи нашъаовари назди Президент, Абдуфатоҳ Ғоийб, раиси Хадамоти гумрук, Асадулло Раҳмонов, мушовири президент оид ба кадр ва мешавад феҳристи ин рўйхатро то собиқ чупону табелчиҳои колхозу совхозҳои Данғара идома дод, ки имрӯзҳо ақалан мудири як мақомоти низомӣ ё иҷроия ҳастанд. Ба истиснои чанд вазироне ки зодагони минтақаҳои дигаранд.


Бармегардем ба шеваи мудирияти Академияи илмҳо, ки маризии маҳалгароӣ сирояташ карда дар натиҷаи ин беморӣ чашмони олимбину олимшиносаш кур гашта ва ниҳоят чанд ҷавони ҳарзагуйу бетаҷриба ҷои академику олимони варзидаро иваз карда истодаанд.

Як нуктаи дигар ногуфта намонад, ки солҳои охир маҷрои илмиро ба сиёсат табдил додаву бештар бо нашри маводи зиду нақизаш дар масоили муҳим ба арзишҳои эътиқодии миллат нохун мезананд. Таъсиси Маркази равандшиносӣ, ки рисолаташ бо дину эътиқоди мардум сарбарсар шудан аст, яке аз бахшҳои муҳими АИ мебошад ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъсис шудааст ва ҳар як маводи ин марказ бо супориши Кумитаи давлатии амнияти миллӣ навишта ва ба васоити ахбори омма пешниҳод мегардад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>