Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр ва Ҷамшед номаи Бузургмеҳр ба Ҷамшедро дар саҳифаи фейсбукиаш нашр кардааст.
Ҷузъ ин, ки ин нома сахт такондиҳанда аст, аз рӯҳияи шикастнопазири Бузургмеҳр ва аз садоқати ӯ ба миллату Ватан шаҳодат медиҳад. Ин номаи мардест, ки бо қудрат рӯбарӯи як режими хунхор истодааст ва ҳеҷ тӯҳмату шиканҷаву таъқибу зӯроварие камтарин садама ба рӯҳи бузургаш ворид накардааст. Ин танҳо номаи бародари бузург ба бародари кӯчак нест. Ин паёми як бузургмард ба миллат аст, ки танҳо бо матонату истодагарӣ мешавад пирӯз шуд.
Инак матни он нома:
“Ҷамшед, салом!
Корҳо чӣ хел? Чӣ ёрӣ расонем? Моддаи 311 ҳарду қисмаш ба амнистия меафтад. Бепарво худатро ҳимоя кун. Апаи Ҳилола адвокати хуб аст. Маслиҳатҳояшро гӯш намо. Бароӣ, хизматашро боз дучанд иҷро кун.
Мо дар суд барои дастгирии шумо 24.08.2016 изҳорот додем, ки 4 моҳ пеш оиди ин боздошт гуфта будам. Агар СИЗО, ИВС бурданд, номи маро гирифтан гир. Ҳама маҳбусон дар ИВС агар нашиносанд, пас дар СИЗО мешиносанд. Ҳурмату эҳтиром мекунанд.
Фикр мекунам дар 60-90 рӯз мебароӣ, агар ягон тӯҳмати дигар накунанд. Кори манро очаам, оилаам, Хосият даводав доранд. Нағз мешавад, иншоаллоҳ мебароӣ.
Дар паноҳи Худо бошед. Муваффақият дар корҳо ва ҳимояатон. Шумо бояд фахр кунед, ки адвокат будед, ҳастед ва мемонед. Мо ҳоло боз ба Ватану миллат хизмат мекунем. Аз 90 рӯз 1 рӯз кам намо. Як рӯз мешавад, ки ҳеҷ чиз намемонад. Ман рӯзу соатҳоро ҳамин хел ҳисоб кардан мегирам. Чӣ тавр 10 моҳу 26 рӯз гузашт намедонам.
Сураҳоро, намозро ёд гир. Дар ин ҷо ҳама намоз мехонанд.
24.08.2016 (Имзои Бузургмеҳр)