Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ваъдаи Эмомалӣ Раҳмон иҷро мешавад. Баъди 5 сол…

$
0
0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба Маҷлиси Миллӣ ваъда дода буд, ки пасандозҳои мардум дар бонкҳои ба бӯҳронгирифторшуда баргардонида хоҳанд шуд. Инак баргардонидани пасандозҳо оғоз шудааст, аммо он 5 сол давом хоҳад кард.

“Тоҷиксодиротбонк” бузургтарин бонки ба бӯҳрон гирифторшуда, ки 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ аз давлат кӯмак хоҳад гирифт, эълон кардааст сар аз 3 январ шартномаҳои амонатии муштариёнро бо шартҳои нав ба расмият хоҳад даровард. Тибқи эълони ин бонк, ки дар сомонааш нашр шудааст, дар шартномаҳои нав тарофаҳои нав пешниҳод хоҳанд шуд. Бонк аз муштариёнаш даъват кардааст барои бастани шартномаи нав ба Сарбонк ва шӯъбаҳои он муроҷиъат кунанд.  

Муштариёне, ки мехоҳанд амонатҳояшонро бозпас гиранд, вобаста аз ҳаҷми амонатҳояшон, метавонанд моҳона аз 50 то 200 доллари амрикоӣ пулҳояшонро аз ин бонк берун кашанд. Яъне агар муштарӣ 12000 доллар дар ин бонк амонат гузоштааст, метавонад ҳар моҳ 200 долларӣ гирифта, давоми 5 сол маблағҳояшро пурра бозпас гирад. Агар 3000 доллар амонат гузоштааст, моҳона  50 долларӣ дарёфт ва то оғози соли 2022 3000 долларашро бармегардонад. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам вақте ваъда медод, нагуфта буд, ки муштариён дар чанд вақт метавонанд маблағҳояшонро бозпас гиранд.  

Охири моҳи гузашта Маҷлиси намояндагон пешниҳоди ҳукуматро дар бораи баровардани қоғазҳои қиматнок барои кӯмак ба бонкҳо дастгирӣ карда буд, ки тибқи он ба маблағи 3 миллиарду 850 миллион сомонӣ қоғазҳои қиматнок бароварда шуда, ба 4 бонки бӯҳрони тақсим карда хоҳад шуд.

Ин қоғазҳои қиматнок ба мӯҳлати 5 сол бароварда шуда, Бонки Миллӣ барои хизматрасониаш  2 фоиз солона аз бонкҳо дарёфт хоҳад кард. Инак маълум мешавад, пулҳои амонатии мардум ҳам то анҷоми ҳамин мӯҳлат пардохт хоҳанд шуд.  


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>