Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Тарма дар роҳи Душанбе —Хуҷанд

$
0
0

Мусофирони рохи Душанбе Хучанд саҳари имрӯз дар тарма бозмондаанд. Ба навиштаи яке аз корбарони шабакаи Фейсбук дар наздикиҳои ағбаи анзоб тарма фаромадааст. Бобоҷон Худойбердиев дар  саҳифаи фейсбукии худаш навиштааст, ки ҳудуди 300 метрро барф пушидааст. Мусофирон бо даст ва бел роҳро боз карда бо мушкилии зиёд аз онҷо гузаштаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки ширкати пулчинаки IRS масъулияти таъмини бехатарии ин роҳро бар уҳда дорад. Дар чандин нуқта мошинҳоро боздошта аз онҳо пул меситонад, аммо дар бораи таъмини бехатарии роҳ ва тоза кардани он аз барфу тарма аҳамият намедиҳад. Ин ширкат на дар назди касе посухгу мебошад ва на парвои интиқоди мусофирон дорад.

Зеро то ҳол кӣ будани соҳиби он барои ҷомеа муаммо буда, ба эътирозҳои мардуми Варзоб ҳам бо бепарвоӣ ва ҳатто таҳдид ҷавоб доданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>