Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Мухолифини Сурия то қатъи ҳамалоти Асад музокироти сулҳро боз доштанд

$
0
0

Гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи ҳукумати Сурия, ки аксари онҳо таҳти парчами “Артиши озоди Сурия” меҷанганд, шомгоҳи душанбе, 2 январ эълон карданд ҳар гуна гуфтугӯро бар сари мушорикат дар музокироти сулҳи Сурия дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистонро ба хотири идомаи нақзи оташбас аз сӯи низоми Сурия ва муттаҳидонаш, боз медорад.

Дар ин баёния омадааст: “Халалворидкунии низом ва муттаҳидонаш дар тавофуқ барои эҷоди ҳар гуна тағйир дар муъодилот бар рӯйи замин, нақзи сареъи яке аз бандҳои тавофуқномаи оташбас аст ва онро поёншуда мегардонад”.

Тавофуқи отаҳбас бо миёнҷигарии туркия ва Русия ба даст омад ва аз рӯи ҷумъа, 30 декабр ба иҷро даромад. Аммо дар баёния, ки шуморе аз гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи Асад имзо кардаанд, омадааст “низом ва муттаҳидонаш ба ҷанг идома доданд ва оташбасро нақз карданд”.

Шӯрои амнияти Созмони миллали муттаҳид шанбе, 31 декабр созишномаи оташбасро тасвиб кард ва муқаррар шуд дар сурати идомаи оташбас, музокироти сулҳ дар Отона оғоз шавад.

Дар баёнияи мухолифин омадааст, ки бузургтарин нақзҳои оташбас дар минтақаи дараи Бардо ҳосил шуд, ки зери назорати мухолифин аст. Ин минтақа дар шимолу ғарби Димишқ, пойтахти Сурия қарор дорад ва нерӯҳои давлатӣ ва “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон, ки аз сӯи Эрон пуштибонӣ мешаванд, талош доранд ин минтақаро аз контрули мухолифин хориҷ кунанд.

Нерӯҳои мухолифини Сурия мегӯянд. давлати Сурия талош дорад ин минтақаро, ки дар он чашмаи асосии таъминкунандаи оби Димишқ қарор дорад, зери контрули худ дароваранд. Ин минтақа ҳамчунин дар макони пайвастшавии роҳи асосии таъминкунандаи иртиботи Димишқ бо Лубнон қарор дорад, ки гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” аз он истифода мебарад.  


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>