Як мақоми амниятии Туркия рӯз сешанбе гуфтааст тирандозе, ки 39 нафарро дар клубе дар Истамбул аввалин рӯз соли нав кушт, комилан ба токтикҳои ҷанги чирикӣ ошно будааст ва эҳтимолан дар Сурия омӯзиш дидааст. ДОИШ масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст.
Ба гузориши Ройтерз, тирандози ин ҳамла, ки ҳанӯз фирорӣ аст, ибтидо як полис ва як шахси мулкиро дар вуруди ин клуб ба қатл расонд ва сипас бо аслиҳаи худкор (автомат) дар дохили клуб ба тирандозӣ пардохт. Ў 6 бор хишоби (магазин) аслиҳаи худро иваз кард ва ба сӯи захмиҳое, ки ба рӯй замин афтода буданд ҳам тир паррондааст.
ДОИШ дар баёнияе, ки рӯзи душанбе мунташир кард, ин клубро маҳалли таҷаммӯъи масеҳиён унвон карда, ки «иди куфромез» худро ҷашн гирифта буданд, ва ин ҳамларо посух ба мушорикати Туркия дар Сурия эълом кардааст.
Як манбаъи амниятӣ ба ройтерз гуфтааст: «нафари тирандоз бешубҳа таҷрибаи ҷангӣ доштааст… Ӯ эҳтимолан солҳо дар Сурия ҷангидааст».
Рӯзномаи «Хабартурк»-и Туркия низ навишт, ки таҳқиқоти полис нишон медиҳад фарди тирандоз аз Сурия ҳамроҳи зан ва фарзандонаш вориди Туркия шуда, моҳи ноябр дар шаҳр Қуния иқомат доштааст.
Расонаҳои Туркия мегӯянд полис ба думболи марди 28 сола аст, ки тобеияти Қирғизистонро дорад ва гуфта мешавад, ки тирандози ҳамлаи Истамбул будааст. Мақомоти амнияти Қирғизистон мегӯянд, ки бо полиси Туркия дар иртибот ҳастанд ва як нафарро боздошт, аммо баъдан озод кардаанд.
Тибқи гузориши оҷонсии хабарии «Анадолу», полиси Туркия то кунун 14 нафарро дар ин иртибот боздошт кардааст. 2 шаҳрванди хориҷӣ ҳам дар фурӯдгоҳи Истамбул боздошт шудаанд.