Мақомоти маҳаллии вилояти Фороби Афғонистон рӯзи сешанбе 3-январ эълон карданд, ки нирӯҳои амниятии ин кишвар бо пешравӣ ба сӯи маркази вулусволии Ғӯрмочи ин вилоят, 26 ҷангҷӯи толибро низ куштаанд.
Ба гузориши хабаргузории “Офтоб” ҷенерол Ҷаннатгул Карухил, фармондеҳи ливои аввал дар Фороб баъд аз зӯҳри душанбе гуфт, нирӯҳои амниятӣ дар 24 соати гузашта аз мантиқаи чаҳоршанбеи вулусволии Қисор 12 километр пешравӣ кардаанд ва ба се километрии маркази вулусволии Ғӯрмоч расидаанд.
Ба гуфтаи вай 17 шӯришии дигар низ дар даргириҳо захм бардоштаанд.
Аммо сухангӯи Толибон, изҳороти масъулони амниятиро дар заминаи пешравӣ ба сӯи Ғӯрмоч рад кард ва гуфт, ки аз ҳар ду тараф шуморе кушта ва захмӣ шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки дирӯз сешанбе мақомоти маҳаллии Фороб аз пешравии неруҳои шибҳи низомиёни Толибон дар ин вилояти воқеъ дар шимоли Афғонистон хабар доданд.
Толибон ахиран даст ба ҳамалоти густурдае дар вулусволиҳои Қисор ва Ғӯрмочи ин вилоят задаанд.
Оворагии 1800 хонавода дар пайи пешравии Толибон дар Фороб
Тибқи гузориши расонаҳои Афғонистон дар пайи пешравии Толибон дар вилояти Фороб ҳудуди 1800 хонавода овора шудаанд, ки бесарпаноҳӣ ва сармо онҳоро таҳдид мекунад.
Солеҳмуҳаммад Солеҳ, ҳокими вулусволии Алмор рӯзи сешанбе гуфтааст, ки Толибон дар пайи се рӯзи даргирӣ бо нирӯҳои давлатӣ, минтақае бо номи Қаҳрғӯлиро тасарруф карданд. Муҳаммадсолеҳ изҳор доштаааст, ки ҳудуди ҳазору ҳаштсад хонавода маҷбур ба тарки хонаҳои худ шуда, ба манотиқ ҳамҷсоя ва маркази ин вулусволӣ овора шудаанд.
Ҳокиси Алмор гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир созмонҳои маҳаллии Алмор тавоноии кӯмак ба ин оворагонро надоранд. Ў ҳушдор додааст, ки агар дар ин фасли сармо ба ин оворагон кӯмаке нарасад, «як фоҷиаи инсонӣ» онҳоро таҳдид мекунад.
Ин мақоми маҳаллии давлатӣ изҳор доштааст, ки нирӯҳои давлатӣ дар ҳоле аз ин минтақа ақибнишинӣ карданд, ки аз чанд рӯз пеш амалиёти заминӣ ва ҳавоӣ алайҳ Толибон идома дошт, аммо ин амалиёт барои ҷилавгирӣ аз пешрави ин гурӯҳ кофӣ набудааст.
Рӯз душанбе пулиси вилоят Фороб гуфтааст, ки дар се рӯзи гузашта набарди сангине бо Толибон ҷараён дошт, ки дар асари он талафоти сангине ба толибон ворид шудааст.