Ҳамин лаҳзаҳо дар кишвари Олмон як гурӯҳ мухолифони ҳукумат ба хотири озодии Ҷамшед Ёров ва дигар маҳбусони сиёсӣ пикети худро оғоз кардаанд.
Пештар гурӯҳе аз фаъолони ҷомеа дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон карда буданд, ки бо талаби озодии ҳамсари М. Ҳаит ва писараш даст ба тазоҳурот хоҳанд зад. Аммо пас аз раҳоии онҳо ва боздошти Ҷамшед Ёров вакили М. Ҳаит, тасмим гирифтанд то барои озодии Ҷамшед ин корро анҷом диҳанд. Ҳоло яке аз иштирокчиёни ин эътироз ба мо хабар дод, ки аллакай ҳама ҷамъ шудаанд ва эътирозашонро оғоз кардаанд.
Хабарҳои бештар дар ҳаминҷо нашр мешавад.