Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Убайдуллоев баъди танӯрҳо бо балконҳо ҷанг эълон кардааст

$
0
0

Шаҳрдории Душанбе ба биноҳои истиқоматии баландошёна супориш додаст, ки  айвон ё балконҳоро ба ҳолати аввала баргардонанд.

Сокинони шаҳри Душанбе мегўянд, ки намояндагони ҳукуматҳои ноҳия дар даст қаламу китоб бино ба бино рўйхати айвонҳоро мекунанд ва то моҳи октябр мӯҳлат додаанд. Дар сурати дар мӯҳлати муқарраршуда ба ҳолати аввала барнагрдондани айвонҳо ҷарима хоҳанд шуд ва мақомот маҷбур даст ба кор мешавад.

Савригул Ҳасанова, ки ҳафтаи пеш гаражи назди бинояшонро чаппа карданд мегўяд, ин қонунхо танҳо барои камбағалон аст.

«Дар бинои маҳаллаи наздики мо прокурор байни подъездҳоро девор кардааст вале ҳатто дари хонаи ўро назаданд. Ё мансабдори ошёнаи якум ҳавлии назди биноро девор карда дарвоза шинондааст, ба ў низ амре надоданд. Имрўз омаданд, ки чаро балконатро пушондӣ? Пўшондам баъзе заруратҳои зиндагиро гузоштам. Ҳеҷ гап не?»- гуфт ҳамсӯҳбати мо.


Шаҳрдорӣ дар баробари барқарории айвонҳо инчунин ба сокинон супориш додааст то моҳи сентябр қубурҳои оби гармро барқарор кунанд. Мӯҳлати барқарории қубурҳо то моҳи сентябр буд ва дар сурати иҷро накардани ин супориш сокинон ҷарима мешаванд. Дар бисёре аз биноҳои истиқоматии шаҳри Душанбе солҳои истиқлолият бинобар сабаби набуди оби гарм сокинон қубурҳоро кандаанд.


Як корманди ҳукумати ноҳияи Сино гуфт, ин супориши Президент аст, ки бояд баъзе маҳаллаҳо то тирамоҳи соли  ҷорӣ бо хатҳои оби гарм таъмин шавад ва Тести навбатӣ ба истифода дода мешавад.  «Сокинон худашон қубурҳои оби гармро кандаанд акнун маҷбуранд барқарор кунанд. 80 дарсади сокинони биноҳои истиқоматии ноҳияи Сино қубурҳоро нест кардаанд. Ба истиснои хонаҳое, ки солмандони рус зиндагӣ мекунанд. Шаҳр омадӣ қоидаҳои шаҳрро риоя кун. Имрўз оби гарм нест шояд пагоҳ шавад! Мардум аз маблағи худашон бояд барқарор кунанд»- гуфт масъули ҳукумати ноҳия.


Шаҳрдорӣ нахуст аз танурканӣ шуруъ кард, ки ба ҳусни шаҳр костагӣ зам мекунанду ҳаворо ғўборолуд мекунанд. Вале оне ки аз Президенти Тоҷикистон, яъне оилаи ў то аробакаши бозор дар пойтахт аз 3 то 11 нафар нонхўри хона доранд , ба нони танур, ки талаботи асосист ба назар нагирифтанд.

Ин аст, ки  бо  вуҷуди  чанд  маротиб  анҷом  додани  исёни  тануркании шаҳродорӣ, занон  қишре,  ки  имрўз  нисбат  ба  мардон  онҳо  дар  ҳимояи  ҳуқуқҳои иҷтимоии худ  фаъолтаранд, аз  танўр  сохтан  ва истифода  кардани  он  даст  накашиданд. Ҳатто дар дохили  замин  ҳам  танўр  сохтаанд ва бо омадани масъулони «зидди танўр» рўйи онро бо хок мепўшонанд. Ҳоло  маълум  нест, ки  ба ҳолати аввала  баргардондани  айвонҳо  чӣ  натиҷа хоҳад  дод. Чун  дигар  иқдомҳои  бемантиқи  шаҳрдорӣ  ки танҳо воҳимае беш нестанду ба синфи камбизоати пойтахт равона шудаанд. Синфи «сарватманд», маъмулан аз мансабдорони фасодзада иборат аст дар кушкҳои заминӣ зиндагӣ мекунанд ва ҳатто ғизои шомашонро дар тарабхонаҳову мервеҳои туркӣ мехўранд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>