Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини ноҳияи Қубодиёнро барои ширкаташ дар як ҷамъомади ташкилкардаи гурӯҳҳои мухолиф дар Русия, ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард.
Саид Зиёев, сокини 28 солаи ин ноҳия моҳи ноябри соли 2014 дар шаҳри Екатеринбург, дар як ҷамъомаде, ки ба гуфтаи додрас гӯё “Гурӯҳи 24” ташкил кардааст, ширкат мекунад ва ин ширкаташ сабаб мегардад додгоҳи вилоятии Хатлон ӯро барои 7 соли оянда равонаи зиндон кунад.
Далели чун ифротгаро шинохта шудани Зиёев як навори видеоие будааст, ки ширкати ӯ дар он ҷамъомадро сабт кардааст. Баъди тамошои ин навор, мақомоти интизомӣ шахсияти Саид Зиёевро муайян намуда, баъди бозгашташ ба ватан ӯро боздошт кардаанд. Ӯ бо ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон — 301 (ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба маълумоти компютерӣ) ва 307 (таъсиси фаъолияти гурӯҳи ифротгаро) гунаҳкор дониста шудааст.
Дар ҳукми додгоҳ омадааст, ки мақкумшуда моҳи ноябри соли 2014 дар ҷамъомаде, ки “Гурӯҳи 24” (дар Тоҷикистон ифротӣ эълон шудааст) дар кохи фарҳангии “ВОС” ташкил карда буд, ширкат намуда, ақидаҳои ин гурӯҳро пуштибонӣ кардааст.
Аммо вакили дифоъи ӯ Саймуддин Қосимов мегӯяд, додгоҳ бидуни ҳеҷ далеле хулосабарорӣ кардааст. “Ин навор 30 сентябри соли 2014 пахш шудааст, вале “Гурӯҳи 24” 9-октябри соли 2014 гурӯҳи ифротгаро эътироф шудааст. Зерҳимояи ман наметавоанист дар он вақт ҷиноят кунад, чун фаъолияти ин гурӯҳ ҳанӯз манъ нашуда буд.”
Тибқи гуфтаи вакили дифоъ, мақомоти тафтишотӣ махсус навори моҳи сентярб нашршударо ба моҳи ноябр нисбат медиҳанд, то нафари бегуноҳро гунаҳгор созанд. Ӯ мегӯяд ба тафтишот ва додгоҳ далелҳои шайъии бегуноҳии зерҳимояашро пешниҳод кардааст, вале касе онҳоро ба эътибор нагирифтааст.
Саймуддин Қосимов тасмим гирифтааст аз болои ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон ба Додгоҳи Олӣ шикоят барад.